СУТ пайомадҳои пандемияро барои бемории саратон фалокатбор хонд

Февраль 5, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пайомадҳои пандемияи COVID-19 барои бемории саратон фалокатбор гардиданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти дирӯз дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди саратон интишорнамудаи директори Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо Ҳанс Клюге (ДАР АКС) гуфта мещавад.

«Пайомадҳои пандемияро барои вазъи бемории саратон дар минтақа наметавон ғайр аз фалокатбор чизи дигаре номид, — гуфт ӯ. – Тибқи маълумоти СУТ, дар марҳилаҳои ибтидоии пандемия номуназзамиҳо дар хизматрасонӣ бо сабаби бемориҳои гузаранда аз 163 кишвари ҷаҳон дар 122-тоаш ба қайд гирифта шудаанд ва дар сеяки кишварҳои минтақаи Аврупо чунин номуназзамиҳо ба вазъи бемории саратон пурра ё қисман таъсир расонидаанд».

Бино ба таъкиди Клюге, рақамҳо шаҳодати гуфтаҳои болозикранд: соли 2020 дар Аврупо 4,8 миллион нафар гирифтори саратон шудаанд, яъне ин дар як рӯз 13 ҳазор нафар, дар як соат 546 нафар ва дар як дақиқа нуҳ нафарро ташкил додааст.

«Маҳдудияти саёҳат ва сарборӣ ба низоми тандурустӣ дар мубориза бар зидди COVID-19 боиси халалдор шудани вазъи бемории саратон дар саросари минтақа, инчунин таъхири назарраси ташхис ва табобат гардиданд, ки ин ба имкони барқароршавӣ ва зинда мондани садҳо ҳазор нафар беморон бевосита таъсир мерасонад. Якчанд кишварҳо ба норасоии доруҳо барои табобати саратон дучор гардиданд ва буҳрони иқтисодӣ нобаробарии мавҷударо шадидтар кард», — маънидод кард директори минтақавӣ.

Дар ин робита, рӯзи панҷшанбе, СУТ ташаббуси саросариро дар Аврупо оид ба саратон оғоз менамояд, ки талошҳоро барои баланд бардоштани чораҳои муассири пешгирӣ ва муқовимат бо саратон муттаҳид менамояд ва ба сиёсатгузорон имкон медиҳад, ки барои муқовимат бо саратон қарорҳои дуруст қабул кунанд. Ташаббус панҷ унсур, аз ҷумла пешгирӣ, ошкоркунии барвақтӣ, дастрасии ҳамаҷониба ба ташхис ва табобат, ёрии паллиативӣ ва тамаркуз ба маълумотро дар бар мегирад.

«Имрӯз мо метавонем роҳи наверо пеш гирем, аз таҷрибаи пандемия истифода барем ва талошҳоро барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди саратон тақвият диҳем. Мо саратонро бартараф карда наметавонем, аммо метавонем тавре кунем, ки он ба марг оварда нарасонад», — гуфт Клюге.

 

 

                                                                                                                                                             АКС аз бойгонӣ

Февраль 5, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ