СУТ шароитеро номбар кард, ки дар он ваксинаи зидди коронавирус бесамар хоҳад буд

Февраль 24, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ваксина танҳо дар сурате самарабахш аст, ки агар он дар ҳама ҷо гузаронида шавад, изҳор намуд роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, видеои суханронии ӯ дар саҳифаи  YouTube -и СУТ интишор ёфтааст. 

Гебрейесус аз ҳама кишварҳо даъват кард, ки ваксинагузарониро ба таъхир наандозанд, зеро дар акси ҳол гунаҳои нави коронавирус пайдо мешаванд.

«Дар ин ҳолат, ваксинаҳое, ки мо истифода кардаем, метавонанд бесамар гарданд», — ҳушдор дод роҳбари СУТ.

Вай зикр кард, ки набудани доруҳо дар мамлакатҳои  рӯ ба тараққӣ барои кишварҳои сарватманд мушкилӣ эҷод мекунад. Аз ин рӯ, Гебрейесус аз ҳукуматдорон даъват кард, ки ба шаҳрвандони худ бифаҳмонанд, ки барои муҳофизат аз вирус на танҳо онҳо, балки эм намудани сокинони кишварҳои «боқимондаи ҷаҳон» низ зарур аст.

 

АКС аз сомонаи in-fa.ru

Февраль 24, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид