Тоҷикистон азм дорад ба бозори Ҳиндустон роҳ ёбад
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон азм дорад ҳамкории тиҷоратиро бо Ҳиндустон мустаҳкам ва молҳои худ-асосан маҳсулоти кишоварзиро ба ин кишвар содир кунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik хабар медиҳад, дар ин бора 3 феврал раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни нишасти хабарии ҳисоботӣ иттилоъ додааст.
«Боз як бозори бузурги ба мо наздик — ин Ҳиндустон аст. Дар айни ҳоло мо масъалаи ҳамкории тиҷоратиро бо ин кишвар меомӯзем” — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ҷумъахонзода, Палатаи савдо ва саноат аллакай гомҳои нахустинро ҷиҳати ифтитоҳи бозори нави содиротӣ бардоштааст — бо намояндагони тиҷоратии Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва худи сафири ин кишвар мулоқот сурат гирифтааст.
«Мо бо намояндагони ин кишвар мулоқот намудем, то ин ки масъалаи кадом намуди маҳсулотро ба Ҳиндустон содир намуданро баррасӣ кунем. Мо бояд роҳҳои транзитро дида бароем ва муайян кунем, ки кадом маҳсулоти мо дар он ҷо бозоргир хоҳад буд», — гуфт роҳбари ПСС.
Пеш аз ҳама, Тоҷикистон роҳҳои заминиро ҷиҳати интиқоли маҳсулоти содиротӣ баррасӣ мекунад. Моли асосӣ, ки ҷумҳурӣ содироти онро ба нақша гирифтааст, маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Ҷумъахонзода изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкорӣ бо Ҳиндустон дар соли 2021 танзим хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2019 Тоҷикистон ва Ҳиндустон тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмӣ-техникиро тарафдорӣ карданд.
АКС: Аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ








Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»






