Убайдулло Асрорзода: Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё гардид

Февраль 11, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои намоёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар соли сипаригардида- ин шомил гардидани он ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё мебошад. Ин матлабро имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон Ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Убайдулло Асрорзода баён дошт.

Ин дар ҳолест, ки робитаҳои хориҷии донишкада дар ин давра бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию хориҷӣ густариш меёбад.

Убайдулло Асрорзода афзуд, ки новобаста аз паҳншавии пандемия  соли 2020 аз тарафи донишкада 8 шартномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ба имзо расонида шуд, ки яке аз онҳо таъсиси факултети муштарак миёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Федератсияи Россия мебошад.

Инчунин соли гузашта 2 омӯзгори донишкада ба хориҷи кишвар бо мақсади таҷрибаомӯзӣ, коромӯзӣ ва такмили ихтисос сафари корӣ анҷом доданд. Зикр шуд, ки сафарҳои хориҷии устодон дар самти боло бурдани нуфузи донишкада, такмили ихтисоси устодон, васеъ шудани малакаҳои касбии онҳо ва баланд шудани ҷаҳонбинии шогирдон мусоидат менамояд.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти донишкада Убайдулло Асрорзода зикр намуд, ки соли гузашта дар 14 кафедраи донишкада 224 нафар омӯзгорон барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҷалб шуда, шумораи воҳидҳои корӣ дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 аз ҳисоби устодон 83 воҳид зиёд мебошад, ки он бозгӯи афзоиши шумораи донишҷӯён ва ихтисосҳо дар донишкада аст.

Инчунин бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва вобаста ба татбиқи амалии Нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз моҳи  августи соли 2020 факултети сайёҳӣ ва соҳибкорӣ таъсис дода шуд. Раванди таълим дар соли сипаригардида дар донишкада дар асоси стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, сурат гирифта, дар оғози соли таҳсили  2020-2021  дар донишкада ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, нақшаҳои таълимӣ барои 27 ва баъдан барои боз 14 ихтисос барномаи таҳсилӣ таҳия карда шуданд, ки баҳри самаранок ба роҳ мондани раванди таълим мусоидат намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат яке аз падидаҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тӯли фаъолияти худ баҳри рушди иқтисодиёти миллӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мутахассисони баландихтисос омода намуда, дар рушду такомули соҳаҳои мухталифи кишвар саҳми бориз гузоштааст. Донишкада дар тӯли фаъолияти худ чор маротиба аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ба стандартҳои муосири давлатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ буданашро дар амал исбот намудааст.

Февраль 11, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

28 январ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Моҳи феврал лоиҳаи қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад
ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМӢ. Соли равон корҳои насби таҷҳизот ва такмили қисми техникӣ оғоз мегарданд
МАРКАЗИ ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ ТОҶИК. Рисолати ин марказ аз чӣ иборат аст?
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
Пагоҳ дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар телевизионҳои Тоҷикистон 145 лоиҳа ва барномаи нав таҳия ва пахш гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соҳаи ҳайкалтарошӣ ва муҷассамасозӣ рушд меёбад
Дар Душанбе оид ба рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ машғулият баргузор гардид
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
26 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст