Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода: 1091 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ ошкор гардид

Февраль 19, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи муборизаи қатъӣ 1091 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ ошкор ва 271 нафар аъзою тарафдорони ин равияҳо дастгир карда шудаанд, ки аз ин 77 нафарашон ҷавонон мебошанд. Аз ин шумора «Бародарони мусулмон» -148, «Давлати Исломӣ»-39,  «Гурӯҳи 24»-8, «Ҳизби наҳзати ислом»-17, «Ансоруллоҳ»-8, «Ал-Қоида»-3 нафар, ва «Ҳаракати Толибон»-1 нафар  дастгир шуданд. Дар ин хусус имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон  Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки  имрӯз ҷаҳони муосирро хатари терроризму экстремизм фаро гирифтааст ва ҷумҳурии мо низ аз ин радиф истисно нест ва яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти мо мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ-террористӣ мебошад.

Ҳамзамон мавсуф гуфт, ки соли сипаригардида 10 гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дар ҳайати 37 нафар муайян ва дастгир гардида, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ  1 тоннаву 117 кг 358 гр воситаҳои нашъадор (49 кг 282 гр героин, 481 кг 207 гр афюн, 502 кг 212 гр ҳашиш, 64 кг 780 гр  бангдона) мусодира гардид.  Дар баробари ин  беш аз 791 ҳазор ниҳоли бангдонаи кошташуда ва худрӯй дарёфт ва  нобуд карда шуд, ки миқдории умумии он 1 тоннаву 620 кг-ро ташкил медиҳад.

-Дар маҷмӯъ,-гуфт Рамазон Раҳимзода,- аз ҷониби ҳамаи сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ  2 тоннаву 425 кг воситаҳои нашъадор мусодира карда шуд.

Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин аз навъи ҳабҳои синтетикӣ, ки имрӯзҳо дар байни ҷавонон паҳн шудаанд, изҳори нигаронӣ карда зикр намуд, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паҳншавии таблеткаҳои синтетикӣ байни ҷавонон, хусусан дар тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ авҷ гирифтааст ва ин хеле ташвишовар аст. «Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт 5 150 дона таблеткаҳои синтетикӣ мусодира гардиданд»,-иттилоъ дод Вазир ба хабарнигорон.

Февраль 19, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд