Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода: Соли 2020 аз ҳама зиёд ҷиноятҳои дуздӣ ва қаллобӣ ба қайд гирифта шудаанд

Февраль 20, 2021 09:27

ДУШАНБЕ, 20.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар  мамлакат 107 ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ — 135, таҷовуз ба номус — 34, роҳзанӣ — 33, савдои одамон — 12, ғоратгарӣ — 161, авбошӣ — 1325, қаллобӣ — 2866, гардиши ғайриқонунии силоҳ — 44, дуздӣ — 6197, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор — 602 ва ҷиноят бо истифодаи силоҳ – 42 ҳолат ба ҳисоб гирифта шуданд.

Дар ин бора Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон  Раҳимзода 19 феврал дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

-Дар ҷумҳурӣ 23 ҳазору 460 (2019 — 21 996)  ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 18 ҳазору 887 адади он ошкор гардид. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 15 ҳазору 542 ҷиноят ошкор ва ба қайд гирифта шуданд,-афзуд номбурда.

“Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ соли 2020 дар ҷумҳурӣ 566 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла 54 адад автомат,  65 адад таппонча, 138 адад милтиқ ва карабин, 302 адад силоҳҳои суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуданд.

Миқдори силоҳи аз соли 1994 то ин ҷониб дар ҷумҳурӣ мусодирагардида 44 ҳазору 37 ададро ташкил медиҳад»,- тазаккур дод Вазир.

Рамазон  Раҳимзода афзуд, ки соли гузашта 2 ҳазору 71 нафар дар ҷустуҷӯ эълон гардида, аз ин шумора 1 ҳазору 973 нафарашон дастгир карда шуданд.

“Дастгирии пайваста ва таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  моро водор месозад, ки  бо иродаи устувору хастанопазир дар таъмини волоияти қонун,  ҳаёти осоиштаи  шаҳрвандон ва бар зидди  ҷинояткорӣ мубориза барем”,- таъкид намуд вазир.

Февраль 20, 2021 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад