Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд

Февраль 24, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода дар мулоқот бо  намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид /БРСММ/ Пратибха Меҳта дар Тоҷикистон дархост намуд, ки кумаку дастгириҳои БРСММ ва зерсохторҳои онҳо барои амалӣ намудани ҳадафу афзалияти стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ бештар равона карда шаванд. Дар навбати худ хонум Пратибха Меҳта масъалаи мазкурро қобили дастгирӣ арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкорӣ ва ҷалби маблағҳои бештари грантӣ барои татбиқи барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд.

Дар вохӯрӣ мусоҳибон оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ва таъсири он ба соҳаи иқтисоди миллӣ табодули назар карданд.

Мусоҳибон омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирии оқибатҳои пайомадҳои пандемияи  COVID-19 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дастгирии Барномаи қолабии СММ оид ба рушд (ЮНДАФ), мусоидат барои низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ, амалишавии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баён намуданд.

Февраль 24, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд