Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе боздид намуд
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе пас аз таъмир ба фаъолияти муқаррарӣ баргашта, дар он тамоми шароит ва имконият барои ташхису табобати беморон фароҳам оварда шудааст. 15 феврал Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушбахт Шарифзода аз беморхонаи мазкур дидан намуда, бо роҳбарон ва кормандони он мулоқот намуданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарон ва кормандони беморхонаи мазкур барои заҳматҳои шабонарӯзияшон дар давраи паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Заҳмат ва талошҳои табибони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 дар мамлакат назаррас мебошад. Аз ин рӯ 18 августи соли 2020 бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ якчанд табибони беморхонаи мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.








Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид






