ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ. Нуздаҳ сол қабл 19-умин Бозиҳои олимпии зимистонӣ дар Солт-Лейк-Сити ифтитоҳ ёфтанд. Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ дар ин бозиҳо ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврали соли 2002 дар Солт-Лейк-Сити (ИМА) Бозиҳои XIX зимистонаи олимпӣ ифтитоҳ ёфтанд. Заргӯш, койот ва хирс тимсоли Бозиҳои XIX зимистонаи олимпӣ буданд.
Дар ин бозиҳо 2399 варзишгар аз 77 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуди варзиш: биатлон, бобслей, кёрлинг, сноуборд, пойгаи лижаронӣ ва дуҳарба, фристайл, варзишҳои чанабозӣ, конкибозӣ, лижаронии кӯҳӣ, шорт-трек, скелетон, ҷаҳидан ба лижаҳо аз ҷастгоҳ, рақси рӯи ях ва хоккей шомил шуда буданд ва варзишгарон барои дарёфти 78 бастаи мукофотҳо мубориза мебурданд.
Бозиҳо 24 феврали соли 2002 анҷом ёфтанд. Дар сабқати ғайрирасмии дастаҳо тими мунтахаби Норвегия бо касби 25 медал (13 тилло) ҷойи аввал, дастаи мунтахаби Германия бо дарёфти 36 медал (12 тилло) ҷойи дуюм ва ИМА бо 34 медал (10 тилло) ҷойи сеюмро гирифтанд. Дастаи Россия натавонист ба сегонаи аввал ворид шавад ва сазовори 13 медал (5 тилло) гардид.
Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2002 дар Солт-Лейк-Сити ширкат варзид, аммо ягон медал ба даст наовард. Танҳо як намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — лижарон Андрей Дригин ба ИМА рафта буд. Аммо ба даст овардани пирӯзӣ ба ӯ зимни баромадҳояш муяссар нашуд.
АКСИ: AFP








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






