ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ: РАСО 11 СОЛ ПЕШ ДАР КАНАДА БОЗИҲОИ XXI ОЛИМПИИ ЗИМИСТОНА ИФТИТОҲ ЁФТАНД. Дар паради кишварҳои иштирокчӣ парчамбардори Тоҷикистон Алишер Қудратов, лижарон аз Варзоб буд
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Расо 11 сол пеш, 12 феврали соли 2010, дар шаҳри Ванкувери Канада бо афрӯхтани машъали азим дар стадиони «Би-Си Плэйс» маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ — 2010 баргузор шуда буд. Бори нахуст дар таърихи Бозиҳо маросими ифтитоҳи он дар дохили иншоот сурат гирифт, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Чанд соат қабл аз ифтитоҳи Олимпиадаи Ванкувер, ташкилкунандагон аз фоҷиае, ки субҳ ҳангоми тамрини чанаронҳо дар Уистлер рух дод, хабар доданд. Ҷавони 21-солаи гурҷӣ Нодар Кумариташвили, ки дар он мавсим дар панҷ мусобиқаи бузурги байналмилалӣ ширкат варзида, дар зинаи 44-уми ҷадвали ҷаҳонӣ қарор дошт, аз гардиши охирини 270 — дараҷагӣ нагузашта, аз нова парид ва дар наздикии хати марра ба сутуни оҳанӣ бархӯрд. Пас аз ҳашт дақиқа чархбол ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва осебдида ба бемористони наздикии Уистлер интиқол ёфта, дар он ҷо ҷон дод. Тавре баъдтар маълум шуд, сабаби фоҷиа на ҳолати трек, балки иштибоҳи худи варзишгар будааст. Кумариташвили аз уҳдаи идора намудани чана, ки суръаташ тақрибан 140 километр дар як соат буд, набаромадааст.
Бо сабаби ин фоҷиа, дар сенарияи маросим тағйирот ворид карда шуд — дақиқаи сукут эълон шуд ва дастаи миллии Гурҷистон бо бозубандҳои мотамӣ ба маросими ифтитоҳи бозиҳо баромад.
Аммо рӯйдоди асосии рӯзи ҷумъа, ба ҳар ҳол, ифтитоҳи Бозиҳо буд. 60 ҳазор тамошобин дар стадиони “Би-Си Плэйс» дар Ванкувер шоҳиди маросими дурахшонтарин шуд, ки тақрибан се соат идома ёфт. Бори нахуст ифтитоҳи Олимпиада дар иншооти комилан пӯшида сурат гирифт. Мавзӯи асосӣ қисми нахустини пеш аз паради анъанавии кишварҳои иштирокчиён, таърихи бумии Канада бо чаҳор пири қабилаҳои ҳиндуи амрикоӣ гардид, ки замоне дар қаламрави кишвар сукунат доштанд, хусусан дар ноҳияи Колумбияи Британия, ки маркази он Ванкувер аст.
Маҳз пешвоёни ҳинду расми гузашти кишварҳои иштирокчиро ифтитоҳ намуданд ва тибқи анъана, аввалин шуда, ба майдон варзишгарони Юнон — кишваре, ки бори нахуст мизбони Бозиҳои олимпӣ буд, ворид шуданд. 82 кишвар аз саҳнаи “Би-Си Плэйс” убур намуд, аз ҷумла чунин давлатҳои аҷиби зимистонӣ, мисли Эфиопия ва Ямайка.
Парчамбардори Тоҷикистон дар ин чорабинии пурҷило лижарони 24-сола Алишер Қудратов буд (ДАР АКС АЗ РОСТ). Дар воқеъ, ӯ инчунин парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои навбатии XII Зимистонаи олимпӣ буд, ки дар шаҳри Сочии Россия баргузор шуда буд. Дар ин Бозиҳо Алишер дар намуди слалом ширкат варзид, вале натавонист ба марра бирасад.
Алишер Кудратов 11 январи соли 1986 дар деҳаи кӯҳистонии Сафеддараи ноҳияи Варзоб, ки дар он пойгоҳи лижаронии кӯҳии дар Осиёи Марказӣ маъруфи «Сафеддара» воқеъ аст, таваллуд шуда, дар он ҷо ба варзиш шурӯъ кардааст.
Ва дар Бозиҳои XXI зимистонаи Олимпӣ дар Ванкувер Тоҷикистонро танҳо як варзишгар — лижарони 32-сола Андрей Дригин муаррафӣ кард. Вай дар 4 ришта ҳунарнамоӣ кард: 13 феврал дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ, 19 феврал — дар риштаи «Баландтарин Гигант», 21 феврал — дар «Гигант Слалом» ва 27 феврал — дар «слалом».
АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд










ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






