Зарари расонидаи озодапаланг дар Бадахшон ҷуброн мешавад
ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба оилаҳои сокинони Ҷамоати деҳоти ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки чанде қабл бабри барфӣ вориди оғилхонаҳояшон гардида, 45 сар чорвои майдаи онҳоро туъмаи худ намуда буд, товони зарар ба ҳар сар чорвои талафёта дар ҳаҷми 300 сомонӣ дода мешавад. Ин матлабро имрӯз дар ҷараёни нишасти хабарӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода тасдиқ намуд.
Чанде қабл бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошими Бадахшон иттилоъ дода буд, ки ба оғилхонаҳои сокинони Ҷамоати деҳоти ноҳияи Ишкошим бабри барфӣ ё озодапаланг ворид гардида, дар маҷмӯъ 45 сар чорвои шохдори майдаро ба ҳалокат расонидааст. Аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур бабри барфӣ дастгир гардида, бидуни расонидани ягон осеб дар минтақаи кӯҳӣ тибқи қоидаҳои бехатарии махсус раҳо карда шуд.
Ба қавли коршиносон, асосан бабрҳои барфии калонсол, ки фасли зимистон дар муҳити кӯҳсор аз паси сайд ҷуръати босуръати баланд давидан надоранд, ба оғилхонаҳои сокинони маҳал даромада, ҳайвоноти майдаи шохдорро тӯъмаи худ қарор медиҳанд. Инчунин омили дигари ба чорвои сокинон ҳамла намудани бабрҳои барфӣ- ин таъсири сокинон ба экосистемаи бабри барфӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон шинохта шудааст. Озодапаланг ҳайвони кӯҳии нодир маҳсуб ёфта, ба Китоби сурхи ҷаҳонӣ ва Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидааст. Мавҷуд будани макони зисти бабри барфӣ дар ҳар кишвар бозгӯи поктарин экосистема аст. Дар Тоҷикистон ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар ВМКБ ҷойгир аст. Ин ҳайвони нодир дар баландиҳои аз 2,5 то 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам бештар сукунат мекунад. Бо зебогии андом, озодапарастӣ ва амалҳои хосаш ӯ тавваҷуҳи табиатдӯстонро ба худ ҷалб менамояд.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеъҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда васеъ гардида, аз 6 то ба 21 фоизи ҳудуди умумии ҷумҳурӣ расонида шуд, ки барои сукунат ва зиёд гардидани саршумори ҳайвоноту парандагони нодир шароити мусоид фароҳам меоварад.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






