Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ва ифтитоҳи Комплекси чорводории ҶДММ «Мармарӣ»
ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.
Роҳбарият ва фаъолони ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию ободонӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Комплекси чорводории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Комплекси чорводории гӯштии “Мармарӣ” дар деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон дар масоҳати 16 гектар мутобиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, дар миқёси мамлакат калонтарин ба ҳисоб меравад.
Маҷмааи мазкур барои нигоҳубини 3500 сар чорвои калони шохдори зоти гӯштӣ пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал аллакай ба ферма 1500 сар чорво ворид гардидааст.
Ширкат дорои бинои маъмурӣ, 4 оғилхона барои нигоҳдории чорво, 7 чоҳ барои захираи хӯроки ширадори чорво, 7 анбор барои захираи хӯроки дурушти чорво буда, ҷиҳати фаровонии бозори истеъмолии пойтахти мамлакат бо гӯшти аълосифат, ки таҳти назорати бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Бо мавриди истифода қарор додани ширкати “Мармарӣ” зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар ширкати “Мармарӣ” 8 зоти гуногуни чорво, аз ҷумла Абердин-ангусси сиёҳ ва сурх, Лимузин, Симменталӣ, Шароле, Герофордӣ, Кабуди белгиягӣ, Обрак, Қаҳваранги швитсӣ ва зотҳои омехта парвариш карда мешаванд.
Ҳамаи зотҳои чорвои калони шохдори ба ҷамъият воридгардида ба шароит ва иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ буда, маҳсулнокиашон хеле зиёд мебошад ва дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 1,5 киллограмм вазн мегиранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти чорвопарварон барои афзун намудани саршумор бо истифода аз захираву имконоти мавҷуда ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти хушсифат дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Нигоҳубини чорво дар маҷмаа бо истифода аз техникаву таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани самараи парвариш ҳар моҳ ба таври мунтазам вазнкашии чорво тавассути воситаҳои рақамӣ гузаронида мешавад.
Дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои аврупоӣ усули нигоҳубини чорво тибқи меъёрҳои ветеринарию беҳдоштии макони баромади зотҳои чорво амалӣ гардида, ин раванд ба таври онлайн таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Ба маҷмаа аз масофаи 3 километр тавассути қубурҳои пластикӣ об оварда шуда, бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ обнӯшакҳои муосир дар ҳар як оғилхона бо дарназардошти ҳаҷми зарурӣ ва таъминоти саривақтии чорво бо он васлу насб гардидааст.
Ҳамчунин дар Комплекси чорводории “Мармарӣ” ба хотири таъмини бехатарӣ 64 камераи назоратӣ насб карда шудааст.
Маҷмааи чорводорӣ дорои 752 гектар замин буда, дар соли 2020 дар майдони 187 гектар юнучқа, 112 гектар ҷавдор барои хӯроки ширадор, 339 гектар ҷуворимакка кишт ва дар маҷмӯъ 11,3 ҳазор тонна хӯроки чорво захира карда шудааст.
Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” барои пешрафти кор беш аз 20 техникаву таҷҳизоти муосири соҳавиро аз давлати Олмон ворид намудаанд, ки барои кишту кори саривақтӣ ва ҷамъоварии ҳосил, инчунин таъмини чорво бо хӯрок дар муҳлати муайянгардида басо мувофиқ мебошанд.
Дар баробари ин Комплекси чорводории “Мармарӣ” дорои коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехта буда, иқтидори он дар як соат як тонна мебошад.
Коргоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, тарзи омода кардани хӯроки омехтаи чорво пурра ба таври автоматӣ сурат мегирад.
Чорвои воридшуда аз 6 моҳ то 1 сол дар маҷмааи чорводорӣ парвариш карда шуда, пас аз расидан ба вазни муайян тавассути воситаи нақлиёти махсус ба забҳхона таҳвил дода мешавад. Забҳхонаи ширкат дар қисми ҷанубии шаҳри Душанбе дар майдони зиёда аз 4 гектар замин бунёд карда шуда, дар мавзеи мувофиқ ҷойгир мебошад. Иншооти мазкур пурра ба талаботи ветеринарию беҳдоштӣ ҷавобгӯ буда, дорои шароити забҳи аз 25 то 30 сар чорво дар як баст мебошад.
Пас аз забҳ маҳсулоти гӯштӣ дар озмоишгоҳи коргоҳ санҷида шуда, сипас ба марказҳои савдо дастрас карда мешавад.
Дар коргоҳи забҳи чорвои Комплекси чорводории “Мармарӣ” мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд.
Ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо лоиҳаи марҳилаи дуюми ширкати “Мармарӣ” оид ба таъсиси Комплекси парвариши модаговҳо дар ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг муаррифӣ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи марҳилаи дуюм 8 ферма бунёд карда шуда, 1600 сар модаговҳои зотии наслдиҳанда аз давлатҳои Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешавад.
Тибқи нақша ҳар як ферма дар масоҳати 3 гектарӣ барои 200 сар чорво, аз ҷумла барои нигоҳдории буқаҳои зотӣ барои гирифтани насл, оғилхона барои 120 сар чорво, оғилхона ва таваллудгоҳ барои 80 сар чорво ва анборхона сохта мешавад.
Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки маҷмааи чорводории “Мармарӣ” бо насли чорвои худӣ таъмин гардида, барои рушди саноати коркард ва хоҷагии халқ дар Тоҷикистон мусодиат мекунад.
Майдони умумии заминҳои хоҷагии зотпарварӣ дар ноҳияи Балҷувон беш аз 11 ҳазор гектарро ташкил дода, давраи нигоҳубини мавсимии чорвои зотӣ дар чарогоҳи тобистонаи ноҳияи Ховалинг гузаронида мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти ширкатро дар роҳи расидан ба ҳадафи муҳиму стратегии давлату Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ шоёни дастгирӣ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин тадбир бешак дар паст намудани арзиши аслӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини аҳолии кишвар, махсусан сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо гӯшти хушсифат такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар дохил ва атрофи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” беш аз 2200 бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда ва зиёда аз 10 ҳазор гулҳои садбаргу лола шинонида шудааст.