Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҷараёни корҳои таъмирии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон дидан намуд

Март 15, 2021 10:32

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҷараёни корҳои таъмирии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон дидан намуд.

Ҳангоми шиносоӣ бо  ҷараёни корҳои таъмирии беморхона  Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод, то корҳои таъмирӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бояд зикр намуд, ки  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои навсозӣ, таъмиру тармим ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бомаром идома доранд.

Март 15, 2021 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид