Ба истифода додани пули мошингузар дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

Март 26, 2021 17:01

ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон пули мошингузари байни кӯчаҳои Расул Раҷабов ва Абдураҳмони Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд.

Пули мазкур дар маркази ноҳия-шаҳраки Ёвон, дар болои дарёчаи Ёвонрӯд сохта шуда, дарозии иншоот 64 метр, паҳноии он 20 метр ва иқтидори борбардориаш 80 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар асоси лоиҳа дар ду паҳлӯи пули мошингузар роҳҳои пиёдагард бо паҳноии 1,7 метр сохта шуда, барои истифода дар муддати тӯлонӣ кафолат дода мешавад.

Ҳамчунин дар ду соҳили дарёча 34 адад мехсутуни пул бунёд карда шуда, болои пул бо истифода аз масолеҳи оҳану бетонӣ рӯйпӯш ва мумфарш карда шудааст.

Иншоот аз 4 хати ҳаракат барои мошинҳо иборат буда, дар ду паҳлӯи роҳҳои пиёдагарди он панҷараҳои оҳанини ҳимоявӣ васлу насб карда шудаанд.

Пули сохташуда аҳамияти зиёд дошта, аз он баробари зиёда аз 30 ҳазор нафар сокинони ноҳия меҳмонону сайёҳон низ истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки 25-уми апрели соли 2014 бар асари боришоти бошиддат ва омадани сел дар ноҳияи Ёвон ба чанд иншооти ҳаётан муҳим хисорот ворид гардида, пули мошингузари мазкур низ ба куллӣ хароб шуда буд.

Барқарорсозии иншоот соли 2018 дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва соҳибкорони ватанӣ рӯи даст гирифта шуда, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни байналамилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ифтитоҳи пули нав мушкилот дар самти рафтуомад ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро рафъ намуда, барои рушди иқтисодии сокинони ду тарафи дарёчаи Ёвонрӯд ва дар маҷмӯъ ноҳия мусоидати ҷиддӣ мекунад.

Дар рафти корҳои барқарорсозии иншоот зиёда аз 30 нафар мутахассисон ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо бунёди роҳу пулҳо, ки василаи асосиву муассири пешрафти иқтисодии давлат ва таъмини шароити зиндагии сазовори шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар дастовардҳои назаррас ба миён омадааст.

Бо мақсади таъмини бемамониати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади сокинон ҳангоми шабона дар болои пул 8 сутунпоя ва чароғҳои равшанидиҳанда насб карда шудааст.

Дар доираи тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ду шафати пули мошингузар ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, дигар иқдомҳои созандагӣ низ амалӣ гардидаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қад-қади дарёчаи Ёвонрӯд марҳила ба марҳила сурат гирифта, барои пешгирӣ аз офатҳои табиии эҳтимолӣ дигар тадбирҳои созандагӣ ҳам амалӣ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани пули мошингузарро дар болои дарёчаи Ёвонрӯд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинон ноҳияи Ёвон туҳфаи арзишманд арзёбӣ намуда, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани иншоот ва андешидани дигар тадбирҳои муҳим дар самти фароҳам овардани шароити беҳтари кору фаъолият ва зиндагии шоиста барои сокинони ноҳия ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Ба истифода додани пули мошингузар дар ноҳияи Ёвон 26.03.2021

Март 26, 2021 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд