Барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Бошқирдистон гурӯҳи корӣ ташкил мешавад
ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 март вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Саид Эмом бо муовини Сарвазир-вазири оила, меҳнат ва ҳимояи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Бошқирдистон Ленара Иванова баргузор гардид.
Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, Л. Иванова дар ҷараёни суҳбат оид ба дастовардҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Бошқирдистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт ва нақлиёт, саноату савдо, маорифу фарҳанг ва сайёҳӣ изҳори назар намуда, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистонро дар соҳаҳои маорифу фарҳанг, иқтисоду савдо ва сайёҳӣ мусбат арзёбӣ ва илова намуд, ки дар оянда низ ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилан судманд қадамҳои устувортар хоҳем гузошт.
Ҷонибҳо атрофи муносибатҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон, инчунин сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Бошқирдистон ва таъсири ин сафар ба раванди густариши муносибатҳои дуҷониба суҳбат намуданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Саид Эмом оид ба рушди ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисодиёту нақлиёт, саноат, энергетика, маорифу фарҳанг, инчунин оид ба ҷалби соҳибкорони ҳарду кишвар баҳри ҳамкории муштарак ва иҷозати сафари дастаҷамъонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити бемории коронавируси нави COVID-19 ибрози назар намуда, доир ба фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва саноати кӯҳиву сабук маълумот дод.
Ҳамзамон ба иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба чорабиниҳои авлавиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2021, ки ба 20-солагии таъсиси Созмони мазкур рост меояд, маълумот дода шуд.
Дар идомаи суҳбат пешниҳод гардид, ки бо дарназардошти бемории коронавируси нави COVID-19 ва баста шудани марзҳо ҷиҳати ҳалли роҳҳои ҷалби дастаҷамъонаи муҳоҷирони меҳнатии кишвар ва ширкати онҳо дар сохтмонҳои иншооти бузург ва соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Бошқирдистон, ки ба нафъи тарафайн мебошад, ҳарду ҷониб бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Зимни суҳбат муовини Сарвазир — вазири оила, меҳнат ва ҳимояи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Бошқирдистон Л. Иванова баён намуд, ки дар ҳақиқат Ҷумҳурии Бошқирдистон ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои сохтмони иншооти бузург ниёз дорад. Мавсуф ба намояндагони мақомоти дахлдори кишвар, ки дар вохӯрӣ иштирок доштанд, супориш дод, ки рӯзҳои наздик гурӯҳи корӣ ташкил карда, роҳҳои ҳалли ҷалби дастаҷамъонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистонро дида бароянд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин шахсони масъули сохтору идораҳои гуногун, аз ҷумла корҳои дохилӣ, меъморию сохтмонӣ, равобити иқтисодӣ, савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Бахтиёр Ятимов иштирок намуданд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд






