БМТ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 20-солагии таъсиси СҲШ тангаҳои ҷашнӣ ба муомилот мебарорад

Март 9, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 09.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ тасмим гирифтааст, ки тангаҳои ҷашниро аз металлҳои қиматбаҳо  ба муомилот барорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай рамзҳои  таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди СҲШ-ро тасдиқ кардааст. Ин рамзҳо ҳангоми таҳияи тангаҳои ҷашнӣ истифода мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Тангаҳоро метавон ҳамчун туҳфаҳои хотиравӣ ва туҳфаҳо барои меҳмонони Тоҷикистон истифода  намуд. Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам тангаҳои ҷашниро аз металлҳои қиматбаҳо ба ифтихори санаҳои  таърихӣ,  арбобони давлатӣ, инчунин ба ифтихори чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ ва давлатӣ  ба муомилот мебарорад. Аз ҷумла,  ба ифтихори 10-умин ва 20-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, ба ифтихори тамаддуни ориёӣ,  ба ифтихори 2700-солагии Кӯлоб, ба ифтихори  800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ,  ба ифтихори 5500-солагии Саразм,  ба ифтихори 3000-солагии Ҳисор, ба ифтихори Бозиҳои олимпӣ дар Сочи, ба ифтихори 90-солагии Душанбе ва ба ифтихори оғози сохтмон НБО «Роғун» тангаҳои ҷашнӣ ба муомилот бароварда шудаанд», — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Март 9, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд