Бонувони волейболбози Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» гардиданд

Март 6, 2021 11:40

ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дастаи волейболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб омада, соҳиби Ҷоми мусобиқа гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба ин муносибат имрӯз Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода волейболбозони ғолибро бо ин дастовард ва иди бонувон – Рӯзи Модар табрик гуфта, дар фаъолияти ояндаашон бурдборию муваффақият таманно кард.

Ҳамчунин ба варзишгарони ғолиб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бонувони волейболбози Вазорати корҳои дохилӣ аз худ маҳорати баланд нишон дода, 5 март дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохтанд. Дар ин гурӯҳ мақоми сеюмро дастаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба даст овард.

Мусобиқаи мазкур бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар, ки бо ташаббуси Мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида буд, аз 10 феврал то 5 март дар толори Муассисаи давлатии Маркази омодакунии олимпии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе (Манеж) идома ёфт.

Дар ин мусобиқа, ки аз соли 2017 инҷониб доир карда мешавад, имсол 42 дастаи волейболбозони касбӣ ва ғайрикасбӣ ширкат намуданд. Дар мусобиқаи касбӣ дастаи волейболбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи аввал, дастаи Душанбе-1 ҷойи дуюм ва дастаи вилояти Суғд мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Ғолибони мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагон бо Ҷом, диплом, медалу Ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Март 6, 2021 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд