«БОРОНУ ҲАВОИ ВАТАНАМ НАВРӮЗӢ…». Дар рӯзҳои таҷлили ин иди байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок мешавад

Март 20, 2021 10:09

ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи Аҷам ҳаво дар  Тоҷикистон абрнок шуда, борон ва жола меборад. Инчунин ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд.

Бо маълумоти бештар – Холисаи АСОМИДДИН.

20-21 март дар аксар минтақаҳои мамлакат борон борида, 22 март дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон дар назар дошта шудааст. Аз 23 то 25 март дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва абрнок дар назар дошта шудааст.

20-21 март ҳаво дар шаҳри Душанбе қисман абрнок шуда, борон ва жола меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 18+21 дараҷа гарм мешавад. 22-25 март ҳаво абрноки тағйирёбанда  шуда, тумани тунук мефарояд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз қисман абрнок ва тағйирёбанда мешавад. 21 март дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, шабона бориши  борони  бошиддат пешбинӣ мешавад. Ба амал омадани  раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. 22 март дар водиҳои вилояти Хатлон ҳаво  асосан бебориш шуда,  дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо борон меборад.  Ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо аз 19 то 23 дараҷаро ташкил медиҳад. 24-25 март ҳаво абрноки тағйирёбанда мешавад.

21-22 март дар вилояти Суғд  ҳавои қисман абрнок дар назар буда, асосан 21 март  дар ноҳияҳо боридани борони бошиддат ва ба амал омадани раъду барқ  пешбинӣ шудааст. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2200 метр борон ва барф меборад. 22 март дар баъзе ноҳияҳо бориши борони суст дар назар аст.  23 март ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, тумани тунук мефарояд. 24-25 март ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин рӯзҳо ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  қисман абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи шарқии вилоят бориши сусти барф дар назар аст.  23 март ҳаво тағйирёбандаи бебориш, 24-25 март — абрноки тағйирёбанда мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят  шабона  0-5 дараҷа хунук ва рӯзона  4+9 дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 7-12  дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар омади гап, боридани борону жола дар фасли баҳор ҳодисаи маъмулӣ аст ва ҳамин тавр ҳам бояд бошад, чуноне Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ гуфтааст:

                            Ҷаҳонро чу борон ба боистагӣ,
                            Равонро чу дониш ба шоистагӣ.

Ва ё тавре шайх Саъдӣ фармудааст:

                           Ба так жола мерехт бар кӯҳу дашт,
                           Ту гуфтӣ магар абри найсон гузашт.

Воқеан, яке аз ҳикматҳои Наврўз ин аст, ки дар ин фасл борони найсон меборад. Ин борон аз боронҳои дигар бо суду баракаташ фарқ мекунад. Ин борон тулонӣ буда, бо садои зангўлааш субҳи содиқ мардумро аз хоб бедор месозад, то дарашонро кушода аз тақсимоти рисқ бенасиб намонанд:

Борони найсон то саҳар зангўла мезад дар ба дар,
Эй одамӣ аз хоб хез, Наврӯз шуд, Наврўз шуд!

Абрҳои осмон ҳам дар осмон гӯиё Наврўзро истиқбол намуда, гоҳ чамъу гоҳ парешон сайру гашти идона менамоянд. Гунчишкакон пару бол боз намуда, дар фазои бекарон села-села пар мезананд. Абрҳои озар аз хурсандиашон бо тири борон гунҷишкаконро мезананд. Ин манзараи дилфиребро Устод Бозор Собир ин тавр ба қалам додааст.

                          Сайр дорад абри озар
                          Гоҳ ҷамъу гоҳ парешон.
                          Селаи гунҷишкҳоро,
                          Мезанад бо тири борон.

Ва борони найсонро мардуми мо аз қадим рамзи оғози баҳор ва файзу баракат медонистанд ва чунин месуруданд:

Борону ҳавои Ватанам наврӯзӣ,
Гулҳои баҳори чаманам наврӯзӣ.
Ҳарфе, ки барои Ватанам мегӯям.
Дар ҳар нафаси дил заданам наврӯзӣ.

Март 20, 2021 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд