БОЗТОБИ КОНФРОНСИ «ҚАЛБИ ОСИЁ – РАВАНДИ ИСТАНБУЛ» ДАР РАСОНАҲОИ ҶАҲОН. Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Истанбул

Март 31, 2021 10:45

ДУШАНБЕ, 31.03.2021/АМИТ «Ховар»/. Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии  Туркия  хабару гузоришҳоро аз ҷараён ва натоиҷи Конфронси 9-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул», ки 29-30 март дар Душанбе таҳти унвони  “Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд” баргузор шуд, дар саҳифаҳои аввали худ ҷой додаанд.

Аз ҷумла, «Konhaber.com» («Konhaber Türkiye’nin İnternet Gazetesi») бо истинод ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш зикр намудаанд, ки зиёда аз 40 сол боз мардуми Афғонистон аз ҷангу ҷидоли таҳмилӣ, ки пеш аз ҳама бар асари мудохила ба умури идохилии ин кишвар сар задаст, мусибати зиёд мебинад. Бинобар ин солҳои охир роҷеъ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ҳамоишҳои минтақавӣ ва байналдмилалӣ дар сутӯҳи гуногун доир мегарданд. Дар ин ҷода фаъолияти «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» аз замони таъсисёбиаш   то ба имрӯз нуфузу мақоми муҳим дорад.

Конфронси «Қалби Осиё – Раванди Истанбул»  моҳи ноябри соли 2011 бо ибтикори Ҷумҳурии Афғонистон ва Ҷумҳурии Туркия таъсис ёфта, инак ҳамоиши навбатии 9-уми худро дар Душанбе доир намуд. Дар ин муддат  14 кишвари Осиё, 16 кишвари берун аз минтақа ва 12 созмони минтақавию байналмилдалӣ ба ин конфронс пайвастаанд.

«Эмомали Рахмон барои ҷорӣ намудани механизмҳои нави барқарорсозии сулҳу субот ва ҳалли мушкилот дар Афғонистон изҳори боварӣ намуда, таъкид намуд ки Тоҷикистон  дар ин сам татбиқи барномаву стратегияҳои байналмилалиро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард», —  навиштааст «Konhaber.com».

Агентии давлатии иттилоотии Туркия «Анадолу» (Anadolu Ajansı)  бо ишора ба суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Чавушоғлу дар Конфронси 9-уми вазирони «Калби Осиё — Раванди Истакнбул» чунин навиштааст:

«Мавлуд Чавушоғлу зимни суханронии хеш   ташаккур ва минатдории худро барои мусоидат дар ташкили конфронс ва меҳмонавозӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  баён намуд. Чавушоғлу таъкид дошт, ки амният, субот ва шукуфоии Афғонистон барои ҳамагон хеле муҳим буда, мушкилоти минтақавӣ танҳо бо руҳияи ҳамкорӣ ҳал хоҳад гардид».

«Анадолу» ҳамчунин суханони Чавушоғлуро зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷуиҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин чунин иқтибос накмудааст: “Мо  ҳамеша иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар лоиҳаҳои минтақавӣ дастгирӣ кардае6м ва дастгирӣ хоҳем кард».  Ба гуфтаи Чавушоглу муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Туркия дар бисер соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, савдо, фарҳанг, маориф, амният ва ҳамкориҳо дар бахши консулгарӣ низ  ба таври заррас руш кардаанд.

 

«Вазири кишварамон (Мавлуд Чавушоғлу – тавз. АМИТ «Ховар») инчунин  изҳор дошт, ки Президенти Туркия муҳтарам Реджеб Тайиб Эрдуғон аз иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомали Раҳмон дар «Форуми Сиёсии Анталя” ки  18-20-и июни соли 2021 баргузор мегардад,  бисёр хушҳол хоҳад  шуд», — навиштааст агентии «Анадолу».

                                                                   Манижа МАҚСУД,
                                             хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия

Инчунин дар расонаҳои кишварҳои дигар:

Агентии «Хабар 24»-и Қазоқистон бо истинод ба вазорати корҳои хориҷии ин кишвар зери унвони «Мухтор Тлеуберди дар Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул»  ширкат варзид» мавод нашр карда, тазаккур додааст, ки сиғаи Раванди Истанбул як майдони муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории минтақавӣ барои истиқрори сулҳ ва шукуфоӣ дар Афғонистон ва дар маҷмӯъ минтақа мебошад.

«Зимни суханронии худ М. Тлеуберди гуфт, ки Қазоқистон ҳамасола дар расонидани кумакҳои молиявӣ, техникӣ ва башардӯстона дар доираи талошҳои байналмилалӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон саҳм мегузорад. Ӯ инчунин аҳамияти пешбурди музокироти сулҳи байни афғонҳоро дар асоси созишҳо зикр кард», — гузориш додааст «Хабар 24».

Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки дар фарҷоми конфронс Эъломияи Душанбе қабул гардид, ки дар он зарурати рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ҳамчун як роҳи муассири муқовимат бо чолишҳои умумӣ ва таҳкими амният ва субот дар Афғонистон таъкид шудааст.

Дар гузориш агентии мазкур зикр намудааст, ки дар ҳошияи конфронс Тлеуберди бо ҳамтоёни худ Ҷайҳун Байрамов (Озарбойҷон), Субраманям Ҷайшанкар (Ҳиндустон), Абдулазиз Комилов (Ӯзбекистон), Маҳмуд Қурешӣ (Покистон) ва Сироҷиддин Муҳриддин (Тоҷикистон) мулоқот намуда, масъалаҳои мубрам ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардааст.

***

Ширкати телевизионии байнидавлатии «МИР 24» бо номи «Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокчиёни Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» мулоқот намуданд» хабар нашр кардааст.

Аз ҷумла, «МИР 24» менависад, ки бо вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон, гардиши мол байни кишварҳо, дар соҳаи истеҳсоли алюминий, иктишоф, истеҳсол ва коркарди муштараки захираҳои карбогидрид баррасӣ гардид. Ҳамчунин ба масъалаҳои ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Озарбойҷон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Эрон Эмомалӣ Раҳмон доир ба сохтмони нақби автомобилгарди «Истиқлол» суҳбат карданд. Ин нақб, ки дар роҳи байни Душанбе ва Хуҷанд аст, беш аз панҷ километр тӯл дорад. Сохтмони он бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба анҷом расад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо вазири корҳои хориҷии Туркия мулоқот карда, ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

Сомонаи иттилоотии мустақили «aze.az»-и Озарбойҷон дар маводе тазаккур додаст, ки вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов дар Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» иштирок ва суханронӣ намуд.

«Ин конфронси вазирон барои арзёбии корҳои муҳими Раванди Истамбул ва муайян кардани самтҳои ояндаи кӯшишҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти ҷиддие, ки дар Афғонистон ва маркази тамоми Осиё қарор доранд, имконияти хуб фароҳам меорад. Аз ин рӯ, мо конфронси имрӯзаро ҳамчун омодагии ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ, инчунин давлатҳои донор ва созмонҳои байналмилалӣ барои ноил шудан ба ҳадафи умумӣ дар самти таъмини амният ва шукуфоии Афғонистон бо ҳамзистии осоишта бо ҳамсояҳо мешуморем», — иқтибос овардааст сомона суханҳои Байрамовро.

Тавре агентии «APA»-и Озарбойҷон, дар навбати худ, хабар медиҳад, ки вазири корҳои хориҷӣ Ҷайҳун Байрамов тазаккур додааст, Озарбойҷон яке аз аввалин давлатҳоест, ки Афғонистонро дар талошҳояш барои рафъи мушкилоти мавҷуда дастгирӣ мекунад. «Аз соли ҳамроҳ шудан ба ин раванд дар соли 2012, мо дар ин майдони бисёрҷониба фаъолона ширкат меварзем», — гуфтааст Байрамов.

Ӯ зикр кардааст, ки Тадбирҳои эътимодсозӣ механизми пурарзиши мусоидати ҳамкории ба натиҷаҳо ва талабот нигаронидашуда ба ҳисоб мераванд.

«Дар ин самт татбиқи амалии Тадбирҳои эътимодсозӣ тавассути лоиҳаҳои мушаххас аҳамияти калон дорад. Мо мутмаинем, ки шукуфоӣ ва пешрафти Афғонистон, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории минтақавӣ ба ҳам тавъманд ва ба муҳити амнияти умумии минтақа вобастагӣ доранд», — таъкид намудааст Байрамов.

«Ҳангоми тамаркуз намудани таваҷҷуҳ ба барқарорсозӣ ва рушди иқтисодии Афғонистон зарур аст, ки ҳалли мушкилоти амниятии кишварро идома диҳем, то пешрафти ба дастовардаро устувор нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, идомаи талошҳои муштарак барои мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, ки терроризм, экстремизми хушунатбор ва ҷудоихоҳӣ дар ҳама шаклҳо ва зуҳуроти он ба вуҷуд меоранд ва дар ин замина густариши ҳамкории минтақавӣ ниҳоят муҳим мебошад», — тазаккур додааст вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон.

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Март 31, 2021 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ