Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон доир гардид

Март 18, 2021 16:22

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷои дуюм қарор дорад.

Чунин зикр шуд дар  ҷаласаи 16-уми Комиссияи  байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе  бо иштироки муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон  Роман Скляр баргузор гардид.

Зикр шуд, ки ҳамкории  иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Қазоқистон зарфи солҳои охир беш аз пеш густариш меёбад, ки ин аз иродаи сиёсии Сарони ҳарду давлат шаҳодат медиҳад. Маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратии  кишварҳо ба сатҳи нав бароварда шуда, баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи  байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе бо иштироки ҳайатҳои ҳарду давлат бозгӯи рушди дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии ҳарду кишвар  мебошад. Ҳаҷми гардиши  мол дар соли сипаригардида байни Тоҷикистон ва Қазоқистон  909,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  47,8 миллион доллар, яъне 5,0 фоиз коҳиш ёфтааст, ки сабабаш пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон аст.

Дар ҷаласаи  16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон  муовини аввали Сарвазири чумҳурӣ  Давлаталӣ Саид доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон сухан карда, гуфт, ки Ҳукумати  Тоҷикистон хостори ҳар чи бештари тақвияти ҳамкории судманди  иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон- яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зикр шуд, ки байни Тоҷикистон ва Қазоқистон  имконияти зиёди иқтисодию сармоягузорӣ вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноки он ба манфиати рушду пешрафти ҳарду давлат аст.

Дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, муҳоҷират, маориф ва илм, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи Комиссия  ба мақомоти давлатии ҳарду давлат  барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, фароҳам овардани шароити мусоид  барои афзоиши  гардиши савдои дуҷониба  дастуру споришҳо дода шуданд. Ҳамзамон дар ҷаласа ҷонибҳо дар  масъалаи  таҳкими ҳамкорӣ  барои ҷалби сармоягузориҳои  мутақобила, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ  ва дар ин замина тақвияти ҳамкории муштарак  ҷиҳати татбиқи  лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба  мувофиқа расиданд.

Баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи  байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе дар ҳолест, ки  15-16 март дар Душанбе  ҷаласаи сеюми  гурӯҳи корӣ оид ба баланд бардоштани  гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ва  Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон доир гардид, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ гардиданд. Инчунин баъд аз як соли таваққуф парвозҳои мунтазами  ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Алмаато аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон «Air Astana»  ба роҳ монда шуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 18, 2021 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд