Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявӣ оид ба баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занону ҷавондухтарон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занону ҷавондухтарон –омили рушди суботи ҷомеа» баргузор гардид.
Дар форуми мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва занону духтарон иштирок карда, сухан гуфтанд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи занону духтарон ва дастгирии онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ дар ҳар мулоқот ва суханрониҳояшон мавқеи занону духтарон ва нақши созандаи онҳоро дар ҷомеа махсус таъкид намуда, дар сиёсаташон аз фаолияти занону бонувон истифода мекунанд. «Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш таъкид намуданд, ки нақши занону духтарон дар рушди иктисоди миллӣ беназир аст ва онҳо дар ҳар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, ба муваффақияти назаррас ноил гардидаанд. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020, ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб ба 30 фоиз расидааст»,- гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баён дошт, ки аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат нисбат ба занҳо ва ба масъалаҳои марбут ба занон диққати махсус зоҳир менамоянд. Дар Паёми имсола Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки дар силсилаи иҷтимоии давлату Ҳукумат дар масъалаи баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа диққати махсус зоҳир карда шавад.
Ба андешаи мавсуф, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани якчанд барномаҳои давлатӣ, дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани Рӯзи Модар ва дигар рӯйдодҳо шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.
Дар ин замина бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ пайваста тадбирҳои заруриро рӯи кор меоварад. Маҳз чунин тадбирҳо буд, ки бино ба иттилои ташкилоти байналмилалӣ шаҳри Душанбе дар самти ҷалб намудани занону духтарон ба чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд, -афзуд номбурда.










КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






