Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 март бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола 15 март таҷлил мешавад, дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва баланд бардоштани маданияти истеъмолии шаҳрвандон суҳбати «мизи мудаввар» доир шуд.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Ҳабибулло Қаландарзода доир ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мамлакат зикр намуд, ки аз ҷониби Кумита бо мақсади огаҳӣ пайдо кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани маданияти истеъмолии онҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шиору овезаҳо ва китобчаҳои тарғиботию ташвиқотӣ омода намуда, пешниҳоди аҳолӣ гардонида мешаванд.
Ҳабибулло Қаландарзода иброз намуд, ки нақши асосии Кумита- ин таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, пешгирии ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат ва татбиқи чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятии ҳайвонот ва организмҳои зараррасонии карантинии растанӣ мебошад ва мақомоти ҳудудии Кумита дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин сиёсатро амалӣ менамоянд.
Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон имрӯз дар тамоми бозорҳои истеъмолӣ ва нуқтаҳои бузурги фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ 65 адад озмоишгоҳҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ, Маркази миллӣ ва 22 адад марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд. Ҳамзамон бо мақсади таъмини бехатарии онҳо ҳамарӯза тамоми маҳсулоти озуқаворие, ки ба бозорҳои истеъмолӣ ворид мегарданд, санҷиш ва назорат бурда мешавад.
Ҳамчунин дар ҷамъомад вобаста ба таъмини маҳcулоти озуқаворию таъмини бехатарии онҳо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон сардорони Раёсату шуъба ва намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, намояндаи Агентии «Тоҷикстандарт» сухан гуфта, пешниҳод намуданд, ки миёни сохторҳои соҳавӣ дар самти расидан ба амнияти озуқаворӣ ва бехатарии он, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, беҳтар мешуд, ки ҳамоҳангии ягона ташкил карда шавад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






