Дар Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 13 марти соли 2021 дар Тошканд дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рӯзномаи ҷаласаи ШҲМ СҲШ тахминан 50 масъалаи марбут ба фаъолияти ҷории Созмонро дар бар гирифт. Ҳайатҳо ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ 16-17 сентябри соли ҷорӣ дар Душанберо баррасӣ карда, лоиҳаҳои рӯзнома ва Рӯйхати санадҳоеро, ки имзои онҳо дар чорчӯби саммити ҷашнии СҲШ дар назар аст, ба асос гирифтанд. Ҳамоҳангсозони миллӣ нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ барои соли 2021-ро, ки аз 152 банд иборат аст, тасдиқ намуданд. Баргузории аксарияти чорабиниҳои Нақшаи мазкур дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар СҲШ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷаласа атрофи мавзӯи давраи нави ҷойивазкунии (ротатсияи) роҳбарони мақомоти доимамалкунандаи Созмон, ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар бораи дар Душанбе таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ ва лоиҳаи санадҳои ҳамкорӣ байни СҲШ ва созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҷараёни ифтитоҳи ҷаласаи ШҲМ СҲШ-ро мактабхонон-иштироккунандагони бозии интерактивии маърифатии “Модели СҲШ” аз Котиботи СҲШ дар Пекин ба таври маҷозӣ мушоҳида намуданд.
ШҲМ ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти СҲШ-ро анҷом медиҳад.
Раёсати Тоҷикистон таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» гузашта истодааст.








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






