Дастаи «Файзканд» медалҳои тиллои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 март дар майдони «Баҳористон-1»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд бозии финалии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 байни ду дастаҳои футболи Хатлон- «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Вохӯрии дастаҳо ҷолиб сурат гирифта, бо натиҷаи 3:1 ба фоидаи дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 4-уми дидор футболбози «Файзканд» Маҳмуд Пиров иштибоҳан тӯбро ба дарвозаи хеш зад. Баъдан дар дақиқаи 18-ум Ҳасан Рустамов низ иштибоҳан ба дарвозааш гол зада, натиҷаро баробар кард. Дар дақиқаи 73-юм футболбози дастаи «Равшан» Далер Шомуродов ба иштибоҳ роҳ дода, ба дарвозааш гол зада, натиҷаро 2:1 ба суди дастаи «Файзканд» кард. Дар дақиқаи 82-юм Абдухалил Боронов ба бозӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошта, пирӯзии дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро бо натиҷаи 3:1 таъмин кард.
Дар бозӣ барои ишғоли зинаи сеюми мусобиқаи мазкур дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, сазовори медалҳои биринҷӣ гардид.
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021
«Хатлон» – Тоҷикистон (U-17) – 1:0
Гол: Нуриддин Ҳамроқулов, 45+1.
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021
Финал
«Равшан» – «Файзканд» – 1:3
Голҳо: Маҳмуд Пиров, 4 – (худгол) (1:0). Ҳасан Рустамов, 18 – (худгол) (1:1). Далер Шомуродов, 73 – (худгол) (1:2). Абдухалил Боронов, 82 (1:3).
Беҳтарин бозингари бозӣ: Доробҷон Эргашев («Файзканд»).
19 март. Гулистон. Майдони «Баҳористон-1». 500 тамошобин.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






