Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 292 нафар донишҷӯро аз пардохти маблағи хобгоҳ озод намуд

Март 27, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 27.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 292 нафар донишҷӯеро, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекунанд ва маблағи хобгоҳро барои шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2020-2021, яъне  аз моҳи январ то моҳи июни соли равон насупоридаанд, аз пардохти маблағи хобгоҳ озод намуд.

Тавре аз Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 1 январи соли равон андозаи музди меҳнати ҳамаи кормандони донишгоҳи мазкур   5 фоиз зиёд гардида, омӯзгорону кормандоне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекунанд, аз пардохти маблағ барои истиқомат дар хобгоҳ озод гардиданд.

Иқдоми мазкур дар асоси сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо муассис- Иттифоқи «Тоҷикматлубот» роҳандозӣ гардида,  ҳадаф аз он баланд бардоштани нуфузу эътибори олимону омӯзгорон дар ҷомеа ва ғамхорӣ намудан ба донишҷӯён мебошад.

Март 27, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд