«Google» ба дунболи «Facebook» яке аз андозсупорандагони дигар дар Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати бузурги онлайни «Google» 3 март дар Кумитаи андоз ҳамчун андозсупоранда барои хидматҳои электронӣ, ки аз тарафи ширкатҳои хориҷӣ расонида мешаванд, сабти ном шуд. Дар ин бора Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон хабар додааст.
Қонуне, ки мутобиқи он афроди хориҷие, ки хидматҳои электронӣ мерасонанд, бояд ба буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд, 17 декабри соли 2020 қабул карда шудааст. Муқаррароти қонуни мазкур ба хадамоти хориҷӣ, ки ба шахсони воқеӣ маводи рақамиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мекунанд, дахл дорад.
Мутобиқи қонун, ширкатҳои хориҷӣ муваззаф шудаанд, ки на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғози расонидани хадамоти электронӣ дар мақомоти андоз сабти ном шаванд. Минбаъд, эъломияи андоз аз арзиши иловашуда ба мақомоти андоз аз тариқи кабинети шахсии андозсупоранда, ки бо забони англисӣ дастрас аст, пешниҳод карда мешавад.
Кумитаи андоз инчунин иттилоъ медиҳад, ки ба ғайр аз чунин ширкатҳои калон, мисли “Google” ва “Facebook”, аллакай ширкатҳои хориҷӣ, амсоли “Doodle inc”, “Novatech IT ltd” ва “Xsolla” сабти ном шудаанд. Барои сабти ном шудани ширкатҳои дигар Кумита корҳои тавзеҳотӣ мебарад.
АКС аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






