Ширкатҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии INDUS FOOD-2021 иштирок карданд

Март 24, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 21 март дар шаҳри Биг Ноидаи Ҳиндустон Намоишгоҳи байналмилалии хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо таҳти унвони INDUS FOOD-2021 баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоишгоҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони 14 корхона ва ширкат, аз ҷумла, ҶДММ «Армугон», ҶСК «Комбинати шири Кӯлоб», Кооперативи истеҳсолии «Имоми Аъзам», ҶДММ «Авангард», ҶДММ «Сайфи Қодир», Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибкорони инфиродӣ: Ҷумъабой Абдулакимов, Дилором Раҳматова ва дигарон иштирок доштанд.

Ҳайати корхона ва ширкатҳои Тоҷикистонро муовини сардори Маркази намоишии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камол Усмонов ва Намояндаи Палата дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон Хусрав Муродалиев ҳамроҳӣ  намуданд.

INDUS FOOD-2021 яке аз ярмаркаҳои калонтарини байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки дар масъалаи баланд бардоштани имкониятҳои тиҷоратӣ дар соҳаи саноати хӯрокворӣ саҳми муҳим дорад.

Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии INDUS FOOD-2021 ҳамоиши доираҳои соҳибкорон баргузор шуд, ки дар он ширкатҳои ватанӣ — аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок  намуданд. Дар доираи ин чорабинӣ ҷонибҳо дар баробари паҳн кардани маводҳои иттилоотии худ, ҳамзамон суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом доданд, ки мавзӯъҳои зеринро дар бар гирифтанд: фаъол кардани ҳамкориҳои дуҷонибаи ширкатҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон, махсусан дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, воридоти маҳсулоти босифат ва технологияҳои нав, таъсиси корхонаҳои муштарак, содироти маҳсулоти ватанӣ ба ин кишвар ва ғайра.

Қобили қайд аст, ки бо роҳи ҳамоҳанг намудани  иштироки ширкатҳои ватанӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ метавон доираи робитаҳои хориҷи онҳоро васеъ намуда, ҳар чи бештар имкониятҳои мавҷударо муаррифӣ кард.

Март 24, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд