Ғизои хонандагони мактабҳои чанд ноҳия дар ҷануби Тоҷикистон беҳтар карда мешавад

Март 19, 2021 11:32

ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар баъзе ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон давоми 3 сол ғизои хонандагони мактабҳо беҳтар карда мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо ин мақсад 17 март дар шакли видеоконфронс ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ФБРК) лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ»-ро баррасӣ карданд.

Ҳайати Тоҷикистонро Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва ҳайати ФБРК -ро Микаэл Каутту, директори кишварии Фонд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуданд.

Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани ғизои хонандагони мактабҳо дар деҳоти ҷумҳурӣ тавассути татбиқи усулҳои нави истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва зироати дорои арзиши беҳтаркардашуда, инчунин беҳтар кардани шароити санитарию гигиенӣ дар мактабҳо мебошад.

Давоми 3 сол 28 мактаб ва 3000 хонандаи мактабҳои деҳоти кишвар  дастгирӣ карда мешаванд.

Маблағи умумии лоиҳа 1 320 000 доллар маблағҳои грантиест, ки ФБРК  аз ҳисоби Федератсияи Россия ҷудо кардааст.

Дар фарҷоми гуфтушунид матни Созишнома дар бораи маблағгузории лоиҳа ба мувофиқа расонида шуда, санад тартиб дода шуд.

Март 19, 2021 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид