ЛУҚМА. Чӣ монеъ мешавад, ки донишҷӯёни Тоҷикистон барои идомаи таҳсили рӯзона ба Россия баргарданд?
ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳое, ки вазъи мусоиди эпидемиологӣ доранд, иҷозат дода шуд, ки барои идомаи таҳсили рӯзона ба Россия баргарданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 20 март, Вазорати маълумоти олӣ ва илми Федератсияи Россия дар сомонаи расмии худ хабар дод.
Дар хабар гуфта мешавад, ки бо қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 16 марти соли 2021 таҳти рақами 639-р ба донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, резидентҳо ва шунавандагони факултаҳои омодагӣ иҷозат дода шудааст, ки барои идомаи таҳсил ба Россия баргарданд. Тартиби вуруди донишҷӯён аз хориҷаро Вазорати маълумоти олӣ ва илми Федератсияи Россия таҳия кардааст.
«Бояд дар назар дошт, ки танҳо шаҳрвандони хориҷии он кишварҳое, ки «Роспотребнадзор» ҳамчун кишвари дорои вазъияти эпидемиологии бкхатар тавсия додааст, барои таҳсил ба Россия ворид шуда метавонанд», — омадааст дар иттилоия.
Бино ба маълумоти Вазорати маълумоти олӣ ва илми Россия, донишҷӯёни хориҷӣ аз Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Ветнам, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Куба, Малдив, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷазираҳои Сейшел, Сербия, Сингапур, Танзания, Туркия, Финляндия, Швейтсария, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Осетияи Ҷанубӣ ва Ҷопон метавонанд ба Россия ворид шавад.
Тибқи ин хабар, рӯйхати давлатҳо мунтазам нав карда мешавад. Пеш аз вуруд ба Россия, донишҷӯён бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на кам аз 10 рӯз пеш аз санаи вурудашон ба Россия огоҳ кунанд.
Донишҷӯён на кам аз се рӯз пеш аз ба Россия ворид шудан бояд аз санҷиши реаксияи занҷири полимеразӣ барои коронавирус гузаранд ва пас аз расидан ба Россия бояд дар тӯли 72 соат аз санҷиши дуюм низ гузаранд. То гирифтани натиҷаи манфӣ онҳо бояд режими гӯшанишиниро риоя кунанд.
Рӯйхат, агар мулоим карда гӯем, нофаҳмост. Ба он хотир, ки тибқи маълумоти Кумитаи омори ИДМ, ки чанде пеш нашр шудааст (ниг. ба сомонаи АМИТ «Ховар», 12 марти соли 2021), маҳз аз нигоҳи солимии вазъи эпидемиологӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳод дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Дар ҷои дуюм Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Аммо, ҳарду кишвар ба рӯйхати Вазорати маълумоти олӣ ва илми РФ дохил карда нашудаанд. Аммо ба рӯйхат кишварҳое шомиланд, ки дар онҳо вазъи коронавирус, бо вуҷуди маҳдудиятҳои шадид ва оғози эмкунӣ, ташвишовартар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳолати сирояти коронавирус аз аввали сол ба қайд гирифта нашудааст. Шумораи умумии шаҳрвандони сироятёфта то 20 марти соли 2021 13 308 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки ҳайати Институти таҳқиқотии зидди вабои Россия «Микроб»-и «Роспотребнадзор», ки дар арафаи ҷашни Наврӯз чанд рӯз дар Тоҷикистон буд, вазъи COVID-19 дар кишварро мусбат арзёбӣ кард. Дар ин бора агентии иттилоотии Россия «Sputnik» хабар дод.
«Ҳайат ба кори табибони тоҷик, алалхусус корҳои ташхисӣ ва лабораторӣ баҳои баланд дод. Аз нигоҳи онҳо, чораҳои зиддиэпидемикие, ки Тоҷикистон дар замони пандемия гирифтааст, меъёрӣ буда, дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудаанд», — гуфтааст як манбаъ ба ин агентӣ.
Пас мушкил дар чист? Чӣ монеъ мешавад, ки донишҷӯёни Тоҷикистон ба Россия барои идомаи таҳсили рӯзона баргарданд?
Воқеан, бо чунин мушкилот муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ низ рӯ ба рӯ шудаанд, ки бо сабаби баста будани марзҳо бинобар коронавирус ҷойҳои кории худро аз даст дода, наметавонанд ба Россия баргарданд. Ин на танҳо барои муҳоҷирони мо, балки барои иқтисоди Россия низ мушкилот аст. Бино ба гузоришҳои ВАО, имрӯз танҳо як бахши иқтисоди Россия — сохтмон ба беш аз як миллион муҳоҷири меҳнатӣ ниёз дорад.
Дар як нишасти ахир оид ба такмили сиёсати муҳоҷират муовини Раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев таваҷҷуҳро ба мушкилоти норасоии муҳоҷирон ҷалб кард. «Бинобар коронавирус, норасоии қувваи корӣ дар соҳаҳои муайяни иқтисод ба вуҷуд омадааст, ки ин ба соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, манзил ва коммуналӣ дахл дорад. Масъалаи ҷорӣ намудани расмиёти соддакардашударо, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷиро метавон ба ин соҳаҳо қонунан ҷалб намуд, баррасӣ кардан лозим аст» — иқтибос меорад ТАСС суханҳои Медведевро.
Ин ҷо ҳоҷат ба шарҳ нест.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд






