«МАРАВ ҚУИ САФЕДИ МАН …». 144 сол қабл дар Москва бори аввал дар ҷаҳон балети «Кӯли қувон» намоиш ёфт. Баъдтар шоҳкори мусиқии Чайковский дар саҳнаи театри тоҷик низ ба саҳна гузошта шуд

Март 4, 2021 18:22

ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 марти соли 1877 дар саҳнаи Театри калони Москва бори аввал ба тамошобинон балети «Кӯли қувон» намоиш дода шуд, ки оид ба он дар тӯли 144 соли охир шояд чандин рисолаҳо, мақолаҳои илмӣ ва китобҳо иншо шуда бошанд. Вале ба ҳар ҳол мехоҳем зикр намоем, ки «Кӯли қувон тоҷи сари балетҳост, зеро он зиёда аз як аср боз дили мухлисони мусиқии классикиро тасхир мекунад, ба таври қонунӣ маҳаки санъати олӣ маҳсуб мешавад ва бисёр раққосаҳои дорои шӯҳрати ҷаҳонӣ ифтихор доштанд, ки  чунин муваффақият — иҷро намудани нақш дар ин намоиш насибашон шудааст.

Ҳамин тавр, имрӯз аз машҳуртарин ва муосиртарин, сарфи назар аз солаш, балети Пётр Чайковский «Кӯли қувон» 144-сола мешавад. Бовари кас намеояд, аммо нахустнамоиши ягонаи асари оҳангсоз ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш номуваффақ буд. Ин тақрибан нокомӣ буд. Дар байни сабабҳои ин коршиносон заъфи хореографиро ном мебаранд, ки дар ниҳояти кор боиси пазироии сарди намоиш аз тарафи тамошобинон ва мунаққидон гардид.

Танҳо пас аз ҳаждаҳ сол, аллакай дар Санкт-Петербург, «Кӯли қувон» дар таҳияи Петип ва Иванов ҳам тамошобинон ва ҳам мунаққидонро ба ваҷд меорад. Аз он вақт “Кӯли қувон” ба классикаи хореографияи ҷаҳонӣ ва намоиши асосии саҳнаҳои беҳтарини балети ҷаҳон мубаддал гардид.

Ҳама балеринаҳои машҳур қисмҳои Одетта-Одилияро рақс мекарданд. Дар саҳнаи Театри калон балеринаҳои бузурги шӯравӣ, Артистони Халқии ИҶШС Галина Уланова ва Майя Плисетская дар ин нақшҳо дурахшиданд. Ҳамин қисмҳоро Артисти халқии ИҶШС Малика Собирова рақс карда буд, аммо танҳо дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар солҳои 60-уми асри гузашта.

Бори нахуст дар саҳнаи театри мо «Кӯли қувон» -ро балетмейстер, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Қабардину Балқар Александр Протсенко (солҳои 1939-1956 дар Душанбе кор кардааст) ҳанӯз пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба саҳна гузошта буд, ки он дар рӯзҳои Даҳаи аввалини адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва, ки 12-20 апрели соли 1941 баргузор шуда буд, намоиш ёфт. Он замон балетро бастакори маъруфи тоҷик Аъзам Камолов бомуваффақият дирижёрӣ кард ва пас аз он ба ӯ унвони фахрии Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон дода шуд.

Нақшҳои асосии “Кӯли қувон” -ро дар театри тоҷик дар солҳои гуногун ҳунармандони машҳур, аз қабили Бозгул Исоева, Владимир Кормилин, Сусана Узоқова, Таҳира Ҷаводова, Татяна Холова, Музаффар Бурҳонов ва бисёр дигарон иҷро кардаанд, аммо дар байни онҳо Малика Собирова махсусан фарқ мекунад. Барои рақсҳои ӯ дар қисми Одетта-Одиллия тамошобинони Душанбе, Москва, София, Варшава ва бисёр шаҳрҳои дигари ҷаҳон кафкӯбӣ кардаанд. Вай на танҳо балеринаи нобиға буд, ки тавонист тамоми ҷаҳонро бо рақс тасхир кунад, балки комилан зани оддӣ бо одатҳо, шавқу рағбат ва заъфҳои худ буд.

ДАР АКС: Малика Собирова

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова ёддоштҳои худро дар бораи ин балерина чунин иброз доштааст: «Малика хеле меҳнатдӯст буд, ӯ истироҳат карда наметавонист. Ҳатто вақте ки ӯ ба ягон осоишгоҳ ё истироҳатгоҳ мерафт, ӯ ҳамеша дар он ҷо шароити корӣ фароҳам меовард ва тамрин мекард. Ва ҳатто вақте ки ӯ хеле машҳур шуда ва бо истеъдодаш тамоми ҷаҳонро тасхир карда буд, вай доимо маҳорати худро такмил медод. Ҷидду ҷаҳди балеринаро дида, дастаи театр дар гирди ӯ мутамарказ шуд ва кӯшиш мекард, ки ба сатҳи ӯ бирасад. Ва аз ин рӯ, дар даврае, ки балерина раққосаи асосии балети тоҷик буд, дарёфти чипта ба ин ва ё он намоиш ғайриимкон буд, зеро толори театр ҳамеша пур мешуд … »

Шоири халқии Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии СССР Муъмин Қаноат соли 1966 шеъри машҳури худ «Қуи сафед»-ро ба Малика Собирова бахшид:

Марав қуи сафеди ман, макун афсонаам вайрон,
Ки ширин аст ин афсонаат, ҷонон!
Марав, ҷонам, ки васли мо дар ин афсона мемонад,
Зи ман баъди ту оташхона, оташхона мемонад!

Магар чизе дигаре аз ин суханон дида самимонатар мешавад, ки дар онҳо  шоир муҳаббати худро ба санъати балерина, ки дар давраи камолот, ба синни 40 норасида даргузаштааст, изҳор намудааст? ..

«Қу, парандаи олиҷаноб, ки дар рӯи замин хеле зебо пар мезанад, санъати баландро ба ёд меорад. Ранги сафеди хиракунандаи чашм метавонад рамзи покӣ, арзишмандии оғози эҷодӣ бошад. Он — нафис, бедифоъ аст, ҳангоми бархӯрд бо «ях» — рамзи сангдилӣ, сардии зиндагӣ нобуд мешавад», — ҳикоят мекард шоир Мӯъмин Қаноат.

                                                                                        Саид АЛӢ,
АМИТ «Ховар»

Март 4, 2021 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳои таҳиянамудаи «Тоҷикфилм» соҳиби 20 ҷоизаи байналмилалӣ гардиданд
Дар Теҳрон дар мавзуи «Мероси адабии Рӯдакӣ» нишасти илмию адабӣ баргузор гардид
«ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ». Кумитаи забон ва истилоҳот ба 330 муроҷиаткунанда барои номгузории фарзандон хулосаи рад дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 дар асоси Барномаи рушди кино 17 филм наворбардорӣ гардид
Таълимгирандагони «Ворисони Куруши Кабир» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Дар Тоҷикистон азнавбақайдгирии ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ оғоз шуд
АРҒУШТИ СИТОРАГОН БУВАД ДАР ЧАКАНАТ. Чаро баъзе аз духтарон дар пӯшидани либос ба фарҳанги бегона рӯ меоранд?
«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҶАШНИ САДА НИЗ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШАВАД. Пешниҳоди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
«САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ». Дар Душанбе ҷашни Сада бо намоиши тухмии зироати кишоварзӣ оғоз гардид
«САДА-ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба он конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ҶАШНИ САДА ДАР ДЕВАШТИЧ. Он бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд