Масъалаҳои роҳандозии парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Россия зимни ҷаласаи корӣ дар Агентии авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуданд

Март 27, 2021 09:22

ДУШАНБЕ, 27.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 1 апрел парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор мешаванд. Масъалаҳои роҳандозии парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия зимни ҷаласаи корӣ дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи гражданӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, намояндагони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ширкати ҳавопаймоии ватании ҶДММ “Сомон Эйр” ва намояндагии ширкати ҳавопаймоии Федератсия Россия дар Тоҷикистон “Ютэйр” иштирок намуданд.

Икром Субҳонзода зикр намуд, ки бо иқдомҳои наҷибонаи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи эпидемиологӣ вобаста ба бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил гардидааст. Муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар барои барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, пайдарпай парвозҳои байналмилалие, ки бо хурӯҷи бемории коронавируси COVID-19 муваққатан қатъ гардида буданд, барқарор карда мешаванд.

«Аз ҷумла, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуда буд, ки бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои истифода бурдани нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби мусофирон ва бе мушкилӣ рафтуомади шаҳрвандон, парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор карда шаванд», — илова намуд И. Субҳонзода.

Тибқи қарори қабулнамудаи мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ба парвозҳои мунтазам байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатсайри Москва-Душанбе-Москва бо зичии 1 парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб иҷозат дода шудааст.

Бояд зикр намуд, ки амалӣ намудани парвозҳо бо зичии 1 парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб, оғози барқарорсозии парвозҳои мунтазам буда, бо беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ ҷиҳати афзоиш додани парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори қабулнамудаи ҷонибҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Дар ҷаласаи корӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост карда шуд, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймоӣ роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ танзим намоянд. Дар шароити имрӯза мо бояд шароити шаҳрвандони кишварамонро ба инобат гирем.

Ҳамзамон, аз ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дархост карда шуд, ки хизматрасонӣ ба мусофиронро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷиҳати бозхонд намудани кормандон аз рухсатии меҳнатии бемузд чораҳои зарурӣ андешад.

Тибқи талаботи мавҷуда, мусофироне, ки аз хатсайрҳои самти Душанбе-Москва-Душанбе ва Москва-Душанбе-Москва истифода мебаранд, бояд ки талаботҳои санитарию беҳдоштиро ҳатман риоя намуда, пеш аз парвоз бояд маълумотномаи ташхиси тиббии бо нишондоди “манфӣ”-и бемории сироятии COVID-19 дошта бошанд ва муҳлати он на бояд аз 72 соат зиёд бошад. Мусофироне, ки маълумотнома бо натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди “манфӣ”-и бемории сироятии COVID-19 надошта бошанд, барои интиқол роҳ дода намешаванд.

                                              АКС аз бойгонии  АМИТ «Ховар»  

Март 27, 2021 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»