МОДАРОНРО ҲАР ПАНҶААШОН ҲУНАР АСТ. Аз рӯзгори як зани ҳунарманд
ВАРЗОБ, 06.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунар беҳ аз зар аст ва имрӯз дар Тоҷикистон кӯшиш бар он доранд, ки ҳунармандию касбомӯзӣ, бахусус эҳёи ҳунарҳои қадимӣ бештар ба роҳ монда шавад. Агар маҳсули ҳунари қадимӣ бо диди имрӯза корбаст шавад, он матоъ, ҷома ё ҳар маҳсулоту маснуоти дигари омодашуда дучанд зебо мешавад.
Ин андешаи ҳунарманди мардумӣ Шаҳло Аминова аст. Ӯ ба воситаи оинаи нилгун ва интернет пайваста ҳунарҳои худро сайқал медиҳад.
Шаҳло мегӯяд, ки “ҳунарманд офаридаи худро бояд мувофиқи пешравии ҷомеа замонавӣ гардонад. Чунки ҷавонони имрӯза мувофиқи замони худ аз дӯхти лобосҳо оғоз намуда, то кӯрпаю болишти арӯсии қуроқӣ ё чодари арӯсии замонавӣ фармоиш медиҳанд. Дар сурати иҷро намудани хоҳиши фармоишгарон сафи муштариён зиёд гардида, ҳунарманд бекор намемонад”.
Ҳунар ганҷинаест, ки онро бо симу зар ва дороӣ иваз кардану харидан номумкин аст. Чунки ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад ва ба зиндагии инсон зебоӣ мебахшад. Барои шахси ҳунарманд ҳар дақиқаи умр ғанимат аст ва онро бамаврид истифода мебараду лаҳзае бе манфиат намегузаронад. Аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро тасхир месозад.
Сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб Шаҳло Аминова бо ҳунарҳои волои худ дар зиндагӣ боломақому устоди ботаҷриба ва бузургдилу баобрӯ гардидааст. Ӯ аз хурдӣ ҳунарҳои дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ, шероздӯзӣ ва кӯрпадӯзиро дар назди модари меҳрубонаш ёд гирифтааст. Имрӯзҳо ин ҳунарҳои худро ба фарзандону духтарони ҳамсояҳо ва хешутабору аҳли оилааш меомӯзонад.
Шаҳло Аминова аз он хурсанд аст, ки имрӯзҳо бахшида ба Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандони асил дастгирӣ ёфта, меҳнати онҳо ба мардуми ҷумҳурӣ ва берун аз он муаррифӣ мегарданд.
Шаҳло Аминова иброз дошт, ки “ҳунарманди асил бо ҳунари худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунар аст. Барои мисол, имрӯзҳо ман мувофиқи хоҳиши арӯсон ё фармоишгарон аз кӯрпаҳои қуроқдӯзӣ оғоз намуда, то шерозпочаю либосҳои наварӯсонро дар якҷоягӣ бо келин ва духтаронам медӯзем, ки ин барои оилаи мо дар як моҳ аз 3000 то 4000 сомонӣ фоидаи тоза ба даст меорад.
Ҳамчунин мувофиқи дархости роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳия ҳунарҳои омода намудаамонро дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ба намоиш мегузорем, ки бештари вақт маҳсулоти аз ҳунари қуроқидӯзии омоданамудаамон зуд ба фурӯш меравад”.
Бештари муштариёни Шаҳло Аминова наварӯсон мебошанд. Онҳо мувофиқи фарҳанги миллии имрӯза бештар кӯрпаю болишт ва матои дастархони қуроқӣ фармоиш медиҳанд. Ин ҳунарманди асил мегӯяд, ки ҳунари қуроқдӯзӣ аз матоъпораи гуногун истеъдоди баланд талаб мекунад. Агар шавқу ҳавас бошад, барои ҳунарманд дӯхтани он хеле осон аст ва дар муддати як ҳафта ё зиёдтар аз он фармоиши муштариро иҷро менамоӣ.
Раиси Шӯрои занони Ҷамоати деҳоти Чорбоғ Норгул Холова гуфт, ки “Шаҳло Аминова дар оилаи ҳунарманд тарбия ёфта, духтару келин ва фарзандони хешу ҳамсояҳояшро бо истеъдоди омӯзгорияш ба таври ройгон ҳунарманд гардонидааст. Ӯ дар баробари ҳунармандӣ дар корҳои ҷамъиятӣ бо аҳлу оилааш саҳми арзанда мегузорад”.
Шаҳло барои истеъдоди баланди ҳунармандӣ ва саҳм гузоштан дар рушди ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Мақомоти иҷроия ноҳияи Варзоб борҳо бо ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудааст. Имрӯзҳо ҷавонони мо, махсусан ҷавондухтарон бояд мисли Шаҳло Аминова дар баробари илмомӯзӣ касбу ҳунар низ аз худ намоянд, то дар оянда барои пешрафти зиндагияшон кумак кунаду аз он манфиат гиранд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 қариб 180 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд
ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст
Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид






