Намояндагони «Роспотребнадзор» ба Тоҷикистон омаданд
ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз намояндагони корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Россия «Микроб»-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон- «Роспотребнадзор» ба Тоҷикистон омаданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода бо намояндагони «Роспотребнадзор» Олга Кедрова, Ирина Шарова ва Кирилл Марсоха мулоқот намуда, ҷонибҳо доир ба вазъи феълии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Мақсад аз ташрифи намояндагони «Роспотребнадзор» таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии Тоҷикистон буда, ин тасмим зимни ҷаласаи 17-уми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва баргузор гардид, гирифта шуд.
Сафари кории намояндагони корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Россия «Микроб»-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон «Роспотребнадзор» дар Тоҷикистон то 19 март идома ёфта, дар назар аст, ки дар ин муддат онҳо аз якчанд озмоишгоҳ ва муассисаҳои тандурустии мамлакат боздид намоянд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






