Нишасти сеҷониба миёни Тоҷикистон, ИМА ва Афғонистон дар шакли видеоконфронс баргузор гардид

Март 17, 2021 19:14

ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 март нишасти сеҷониба дар шакли видеоконфронс миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ доир гардид.  

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат  хабар медиҳад, дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар ва муовини Котиби давлатии ИМА Дэвид Ҳейл ширкат варзиданд.

Ҷонибҳо омодагиро барои шарокат ва ҳамкорӣ бо мақсади мусоидат дар пойдории сулҳ, таъмини амният ва рушди иқтисодӣ изҳор доштанд. Мавзӯъҳои ҳамкории се кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетика ва рушди захираҳои инсонӣ баррасӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки масъалаҳои муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими сарҳад самти муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳо мебошад.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки барои бартараф кардани пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 ҳамкориро идома медиҳанд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Март 17, 2021 19:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд