Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд

Март 29, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Кӯлоб бо риояи анъанаҳои хоси ин намуди варзиш, иштироки паҳлавонони шинохта ва ҳазорон нафар дилбохтагони варзиши суннатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир карда шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар медиҳад.

Соли сеюм аст, ки дар деҳаи «Мири пок»-и Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор карда мешавад. Ба мусобиқаи мазкур паҳлавони номдори Тоҷикистон, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев, собиқадорони ин намуди гӯштин ва дигар варзишгарони номдори дохилию хориҷӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват гардида, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуданд. Дар ин рӯз ҳам варзишгарони тоҷик ва ҳам варзишгарони Россия бар рақибони хеш пайваста ғолиб омада, бо ҳадяҳо қадршиносӣ шуданд. Ин тадбири варзишӣ беш аз 8 соат идома кард ва дар се майдон зиёда аз 50 рақобати ҷолиб ҷараён гирифтанд, ки баъди ҳар як ғалаба паҳлавонон аз ҷониби садорати кумитаи тадорукот бо туҳфаҳои пуливу молӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамин тариқ, барои ба даст овардани шоҳҷоизаи аввали мусобиқа паҳлавони федератсияи Россия — Руслан Киселёв ба майдон омад. Ин паҳлавон бо чор ҳариф рақобат карда, бар дутояш ғолиб омада, ду муҳорибаи дигарро мусовӣ анҷом дод. Барои набард бо ин паҳлавони рус варзишгари тоҷик Фирдавс Насимов аз шаҳри Кӯлоб ба майдон омад, ки то ин муҳориба Фирдавс низ ду бор ғолиб омада буд. Муҳорибаи ин паҳлавонон новобаста ба боду ҳавои номусоид ва борон хеле хотирмон сурат гирифта, ҳазорон нафар мухлисон рақобати  ин ду паҳлавонро тамошо карданд. Дар ниҳоят ба Фирдавс Насимов муяссар гардид, ки баъди як партофти зебо бар Руслан Киселёв ғолиб омада, аввалин шоҳҷоиза-мошини  «Хондай Аккорд»-ро соҳиб гардад.

Дар идомаи мусобиқа паҳлавони ҷавону умедбахш Саидшоҳ Раҳматуллоев низ баъди муҳорибаҳои дуру дароз бар рақиби дигари худ аз Россия дастболо гардида, соҳиби дуюмин шоҳҷоиза- мошини «Опел» гардид.

Бо хоҳиши мухлисону ҳаводорони гӯштини миллӣ яке аз шоҳҷоизаҳои дигари мусобиқа барои ду паҳлавони шинохтаи Тоҷикистон- Хуршед Маҷидов ва Шарифҷон Назриев гузошта шуд, ки сабқати  ин ду паҳлавон бе натиҷа, яъне мусовӣ анҷом ёфт. Бо қарори ситоди доварон шоҳҷоизаи мазкур бо як миқдор маблағи пулӣ ба Мактаб-интернати шаҳри Кӯлоб равона карда шуд.

Дар ин мусобиқа ҳазорон нафар ҳаводорони гӯштингирӣ аз гӯшаву канори мамлакат ба ҳам омада, паҳлавонони дӯстдоштаи худро мухлисӣ карданд.

Март 29, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд