Олимпиадаи донишҷӯён барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” оғоз гардид

Март 12, 2021 15:54

 ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими кушодашавии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иштирок намуда, сухан гуфтанд.

Дар Олимпиада донишҷӯён аз тамоми донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат иштирок намуда, дар бахшҳои математика ва технологияҳои иттилоотӣ, физика, астрономия, химия, геология ва биология дониши худро санҷиданд.

Бояд зикр намуд, ки тайи 8 сол аст, ки дар мамлакат Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”  баргузор карда мешавад. Имсол дар Олимпиада 194 нафар  донишҷӯ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур 2 рӯз идома ёфта, маросими ҷамъбасти он 13 март дар толори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир карда мешавад.

Март 12, 2021 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид