Ҷоми КФО-2021: дастаи «Равшан» дар Бишкек бо «Дордой» ва «Аҳал» бозӣ мекунад

Март 3, 2021 09:16

ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё макони баргузории марҳилаи гурӯҳии мутамаркази Ҷоми КФО-2021-ро дар гурӯҳи «Е» тасдиқ намуд, ки дар он  барандаи Ҷоми Тоҷикистон- дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб иштирок мекунад. Рақобати ин дастаҳо  аз 14 то 20 майи соли равон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир мегардад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Рақибони дастаи  футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб   чемпиони Қирғизистон- дастаи футболи «Дордой» ва ноиб-чемпиони Туркманистон- дастаи футболи «Аҳал» мебошанд.

Ҷоми КФО-2021. Минтақаи марказӣ.

Макон – Бишкек, Қирғизистон

Гурӯҳи «Е».

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон)

«Аҳал» (Туркманистон)

Даври 1-ум

14 май (ҷумъа)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

17 май (душанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 3-юм

20 май (панҷшанбе)

«Равшан» (Тоҷикистон)  – «Дордой» (Қирғизистон)

Март 3, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад