COVID-19. Нахустин ваксина бар зидди коронавирус аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд

Март 9, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 09.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми 8 март 192 000 воя ваксина тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маросими расмии таҳвил ва қабули ваксинаҳо ба Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Хусейнзода, Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх, Роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олсавски, Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрлин Йосефсон, Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ ва дигар ашхоси расмӣ иштирок намуданд.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 ваксинаи ширкати британиягии Оксфорд «AstraZeneca», ки тибқи иҷозатномаи он дар «Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон» (Srum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад. Ин ваксина 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводи иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулода истифодабарандаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. То ҳол аз он дар 61 давлати ҷаҳон истифода бурда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи аввал тибқи Нақшаи миллӣ ваксинаҳои тавассути механизми Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ COVAX воридшуда барои фарогирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм нигаронида шудааст.

Дар баробари ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии бештари аҳолӣ бо иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд ва вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯиҳо вусъат дода шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Март 9, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид