Паҳлавонони маъруфи тоҷик дар мусобиқа оид ба дзюдо- «Tashkent Grand Slam 2021» ширкат меварзанд
ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 5 то 7 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мусобиқаи байналмилалии дзюдо бо номи «Tashkent Grand Slam 2021» баргузор мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он 14 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барои ширкат дар мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2021» то ҳоло иштироки 547 нафар варзишгарон (317 мард ва 230 зан) аз 78 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сабқати мардон 14 паҳлавони шинохта – Абумуслим Қаюмзода ва Шаҳбоз Саидаброров дар вазни -60кг, Баҳром Суфиев ва Алиҷон Сафаралиев дар вазни – 66кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазнӣ — 73 кило, Акмал Муродов ва Назаров Ҳақназар дар вазни -81кг, Комроншоҳи Устопириён ва Амирҷони Насимҷон дар вазни -90 кг), Саидҷалол Саидов ва Раҳмон Мансур дар вазни -100 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – намояндагӣ мекунанд.
Дар сабқати занон- як нафар Шоҳида Қаландарова (дар вазни то 63 кг) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Дар рӯзи аввали мусобиқа – 5 март қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир мегарданд. Дар рӯзи дувум – 6 март паҳлавонони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 7 март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегарданд. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.
Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то моҳи июни имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст оварда, мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд. Баъдан Федератсияи байналмилалии дзюдо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 18 то 20 феврал дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» баргузор шуда буд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 6 варзишгар: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд. Натиҷаи беҳтарро миёни паҳлавонони тоҷик Темур Раҳимов нишон дод. Хотиррасон мешавем, ки моҳи январи соли равон дар шаҳри Давҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои дзюдо баргузор гардид, ки дар он аз кишвари мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов иштирок намуданд. Натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа низ Темур Раҳимов нишон дод. Ӯ дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол кард.
Хотиррасон мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.








Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд






