Пагоҳ дар Ӯзбекистон Мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2021» оид ба дзюдо оғоз мешавад

Март 4, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Тошканд-пойтахти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мусобиқаи байналмилалии дзюдо бо номи «Tashkent Grand Slam 2021» оғоз мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он 14 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Ин паҳлавонони шинохта – Абумуслим Қаюмзода ва  Шаҳбоз Саидаброров дар вазни  -60кг, Баҳром Суфиев ва Алиҷон Сафаралиев дар вазни   -66кг, Сомон Маҳмадбеков  дар вазни -73 кило, Акмал Муродов  ва  Назаров Ҳақназар дар вазни  -81кг, Комроншоҳ Устопириён ва Амирҷони Насимҷон дар вазни  -90 кг, Саидҷалол Саидов ва  Раҳмон Мансур дар вазни -100 кг,  Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг)  мебошанд. Дар сабқати занон аз ҷумҳурии мо як нафар- Шоҳида Қаландарова (дар вазни то 63 кг)  ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барои ширкат дар мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2021»  иштироки 547 нафар варзишгарон (317 мард ва 230 зан) аз 78 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Дар рӯзи аввали мусобиқа –5 март қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир мегарданд. Дар рӯзи дувум – 6 март паҳлавонони  вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 7 март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегарданд. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳанд шуд. Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то моҳи июни имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст оварда, мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд. Баъдан Федератсияи байналмилалии дзюдо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки  аз  18  то  20 феврал дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» баргузор шуда буд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 6 варзишгар: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд. Натиҷаи беҳтарро миёни паҳлавонони тоҷик Темур Раҳимов нишон дод.

Хотиррасон мешавем, ки  моҳи январи соли равон дар шаҳри Давҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои дзюдо баргузор гардид, ки дар он аз кишвари мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов иштирок намуданд. Натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа низ Темур Раҳимов нишон дод. Ӯ дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол кард.

Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.

Март 4, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд