Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо марҳилаи аввали навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон шинос шуда, ба марҳилаи дуюми таҷдиди он оғози расмӣ бахшиданд

Март 26, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин аз марҳилаи аввали навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон дидан намуда, ба марҳилаи дуюми таҷдиди он оғози расмӣ бахшиданд.

Роҳҳои маркази ноҳияи Ёвон дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ пурра таҷдиду навсозӣ карда мешаванд ва як қатор инфрасохтори муҳим фароҳам мегардад.

Навсозии ҷодаҳои мошингард дар ҳудуди шаҳраки Ёвон мувофиқ ба меъёрҳои муосир сурат гирифта, дар асоси лоиҳа беш аз 11 километр роҳ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар асоси дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳия ва ҳисси баланди миллӣ амалӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали навсозии роҳҳои маркази ноҳияи Ёвон 6-уми сентябри соли 2018 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд.

Дар марҳилаи аввал аз ҷониби соҳибкорон Баҳриддин Ҷӯрахонов 2,4 километр ва Акбар Асадулло 2,1 километр роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон навсозӣ гардидааст.

Зимни муаррифии лоиҳаи дуюми таҷдиду навсозии роҳҳо иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Ёвон солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта сохта шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии роҳҳои шаҳраки Ёвон ва суҳбат бо мутахассисон ҷиҳати бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаи навсозии роҳҳо, таваҷҷуҳ додан ба нозукиҳои роҳсозӣ, хосса инфрасохтори зарурии он дастуру ҳидоятҳо доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамаи роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон бо ба инобат гирифтани муҳимияти навсозӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ таҷдид мегарданд ва то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд.

Тибқи лоиҳа зиёда аз 11 километр роҳи мошингарди ҳудуди шаҳраки Ёвон бо паҳноии қисмати ҳаракати нақлиёт то 18 метр ҷавобгӯ ба талаботи муосири роҳсозию шаҳрсозӣ таҷдиду навсозӣ карда мешаванд.

Роҳҳои мошингарди ноҳияи Ёвон дар маҷмӯъ 453,6 километрро дар бар гирифта, 79,5 километри он дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад ва соли 2020 барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингард танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ зиёда аз 1 миллиону 643 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шоёни таҳсин хонда, ба онҳо барои босифати баланд татбиқ намудани марҳилаи дуюми таҷдиду навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Март 26, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад