Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон марҳилаи аввали иммунизатсия оғоз меёбад

Март 18, 2021 16:10

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 нахуст байни кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе оғоз гардида, марҳила ба марҳила ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома меёбад. Ҳоло корҳои омодагӣ ҷиҳати гузаронидани ваксина  бар зидди бемории COVID-19 ҷараён дошта, дар назар аст, ки  рӯзҳои наздик марҳилаи аввали иммунизатсия дар мамлакат оғоз ёбад.

Дар ин бора имрӯз зимни баргузории брифинг, ки дар Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» доир ба баргузории маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар брифинг муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, роҳбари Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский,  намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави иштирок намуданд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳар нафари ваксинатсияшуда барои пурра пайдо намудани масуният бар зидди сирояти коронавирус бояд ду вояи ваксинаи  «AstraZeneca»-ро дар муддати аз 8 то 12 ҳафта (ё 2-3 моҳ) байни ҳарду  вояҳо қабул кунад.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯбаи механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории КОВИД-19 ваксинаи ширкати британиягии Оксфорд «AstraZeneca», ки тибқи иҷозатномаи он дар «Пажўҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон» (Serum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Ин ваксина 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводи иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулода истифодашавандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. То ҳол аз он дар 72 давлати ҷаҳон истифода бурдаанд.

Ёдовар мешавем, ки 8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби ин механизм қисми якуми ваксина дар ҳаҷми 192 000 воя тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Тибқи Нақшаи миллӣ ваксинаҳои тавассути механизми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ COVAX воридшуда барои фарогирии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм пешбинӣ шудаанд.

Март 18, 2021 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»