Раҳматулло Фузайлов расман сармураббии нави дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор таъйин гардид

Март 3, 2021 16:22

ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раҳматулло Фузайлов сармураббии   нави дастаи футболи  «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор интихоб гардида, ин дастаро    ба мавсими нав омода мекунад. Муколамаи роҳбарияти даста ва ин мураббӣ охирҳои моҳи феврали соли 2021 сурат гирифта, аввали моҳи март ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин Раҳматулло Фузайлов азм дорад, ки дар асоси пешниҳодоти роҳбарияти дастаи «Ҳосилот» ҳайатро аз ҷавонони маҳаллии ноҳияи Фархор таъсис диҳад. То оғози мавсими нав аз назаргузаронии бозингарон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор сурат мегирад. Инчунин дар назар аст, ки барои пурқувват намудани ҳайати даста дар рақобатҳои имсола якчанд бозингари соҳибтаҷриба низ ба даста даъват шаванд.

Мавсуф дар гузашта ҳамчун   бозингар дар дастаҳои  футболи «Помир»-и шаҳри Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва дар ҳайати дастаи мунтахаби  Тоҷикистон ба ҳайси сарбон фаъолият намудааст. Дар ин баробар ҳамчун бозингари соҳибистеъдод дар дастаи «Шиник»-и Ярослави Федератсияи Россия ва «Нефтчӣ»-и Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон футболи тоҷикро берун аз кишвар муаррифӣ намудааст.

Хотиррасон мешавем, ки Раҳматулло Фузайлов дар гузашта сармураббии дастаҳои  ССКА «Помир»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод буд.

Март 3, 2021 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад