«Сардабири сол», «Журналисти сол», «Телевизиони сол» ва «Коршиноси сол» муайян гардиданд

Март 11, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи  матбуоти тоҷик имрӯз қариб сад нафар кормандони  воситаҳои  ахбори омма ва табъу нашри Тоҷикистон бо нишонҳои «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон» сарфароз гардиданд. Мукофоту ифтихорнома  ва дигар  ҷоизаҳоро имрӯз дар маросими ботантанае, ки дар Душанбе доир гардид, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода,  Вазири фарҳанги  ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода ва Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода супориданд.

Зимни назарсанҷие, ки аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  гузаронида шудааст, сардабири рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» Самариддин Асоев – «Сардабири сол», хабарнигори телевизиони  «Тоҷикистон» Фатҳиддин Замон –«Журналисти сол», «Бонувони Тоҷикистон» —  «Маҷаллаи сол», телевизиони «Варзиш» — «Телевизиони сол», радиои «Тоҷикистон»- «Радиои сол, нашрияи Кумитаи ҳифзи муҳити зист «Инсон ва табиат» — «Нашрияи соҳавии сол», маҷаллаи Вазорати молия «Молия ва ҳисобдорӣ» — «маҷаллаи соҳавии сол», рӯзномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» — «Рӯзномаи сол» ва Роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши Амрико дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ «коршиноси сол» эълон гардида, бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Инчунин ҷоизаи нашрияи муваффақ, ки бори аввал аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ба рӯзномаи «Хатлон»-и вилояти Хатлон ва «Нигоҳи ҳақ»-и ноҳияи Мастчоҳ сазовор дониста шуд.

Март 11, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид