Сезин Синаноғлу: СММ барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамкории фарогир ба роҳ мемонад

Март 4, 2021 13:35

ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамкории фарогир роҳандозӣ менамояд. Чунин гуфтааст Роҳбари Дафтари СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу  3 март зимни мулоқот бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ки дар мулоқоти мазкур  дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни  Тоҷикистон ва СММ матраҳ гардид.

Тоҷиддин Ҷӯразода изҳор дошт, ки маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати «дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ гардида, барои ворид шудани соҳаи сайёҳӣ ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.

Тайи солҳои охир дар бахши сайёҳии Тоҷикистон ислоҳоти муҳим амалӣ гардида, заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа бо қабул ва татбиқи қонуну қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа устувор гардид.

Намояндаи СММ ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳоро барои пешрафти соҳа дар минтақа яке аз тадбирҳои саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки СММ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамкории фарогир роҳандозӣ менамояд.

Татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар маҳал тавассути барномаҳои ташаббусҳои сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки раванди рушд буда, ҷонибҳо барои амалисозии он бояд тадбирҳои муштараки муассир андешанд.

Март 4, 2021 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд