Собиқ бозигари «Помир» сармураббии дастаи «Ротор»-и Россия таъйин гардид

Март 22, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 22.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 март Юрий Батуренко сармураббии дастаи футболи «Ротор»-и Волгоград таъйин шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуотии дастаи мазкур хабар медиҳад.

Дар ин вазифа мутахассиси 56-сола Батуренко  Александр Хатскевичи беларусро иваз кард, ки 19 март сабукдӯш шуда буд. Хатскевич «Ротор»-ро аз охири соли 2019 роҳбарӣ мекард.

Батуренко қисми зиёди фаъолияти худро дар дастаи «Помир»-и Тоҷикистон ва «Локомотив»-и Москва гузаронидааст. Ҳамчун ёвари сармураббӣ, ӯ бо Сёмин дар «Локомотив», «Габала»-и Озарбойҷон, «Мордовия»-и Саранск ва «Анжи»-и Махачкала кор кардааст.

Батуренко Юрий Михайлович 29 декабри соли 1964 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ дар ҳайати дастаи «Помир» (Душанбе) ҳамчун нимҳимоятгар бозӣ кардааст. Аввалин дастаи касбии Батуренко «Пахтакор»-и Тошканд буд, аммо ӯ қисми зиёди фаъолияти худро дар «Помир» гузаронида, дар ҳайати он зиёда аз дусад бозӣ анҷом додааст. Соли 1988 дар ҳайати «Помир» ӯ дар лигаи аввал чемпиони ИҶШС шуд. Устоди варзиши ИҶШС мебошад.

Аз соли 1992 то 1996 дар тими мунтахаби Тоҷикистон се бозӣ кардааст.

Пас аз пошхӯрии ИҶШС, Юрий Сёмин, ки Батуренкоро аз аз замони  фаъолияти  якҷояаашон дар «Помир» мешинохт, ӯро ба «Локомотив»-и Москва даъват кард. Дар ин даста Батуренко медалҳои нуқра ва биринҷии чемпионати Россияро ба даст овард.

Пас аз анҷоми фаъолият, Батуренко ба ҳайати мураббиёни «Локомотив» дохил шуда, чанд сол бо дастаи ҷавонон ва бо «Локомотив-2» кор кард. Ҷои охирини кори Юрий Михайлович «Анжи»-и Махачкала буд.

 

АКС аз сомонаи дастаи «Ротор»

Март 22, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад