СУТ дубора аз афзоиш ёфтани бемории COVID-19 дар ҷаҳон дар як ҳафтаи охир хабар дод

Март 10, 2021 11:55

ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 388 ҳазор афзоиш ёфта, аз 118,16 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 10 март, ба СУТ дар бораи 118 161 819 сироятшуда ва 2 622 136 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 388 611 нафар ва фавтидагон 8 970 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 29 801 506. Баъд аз он Ҳиндустон (11 262 707), Бразилия (11 125 017), Россия (4 342 474), Британияи Кабир (4 228 998), Франсия (3 932 862), Испания (3 164 983), Италия (3 101 093), Туркия (2 807 387), Германия (2 520 609), Колумбия (2 282 372) ва Аргентина (2 162 001) қарор доранд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дубора афзоиш ёфтани бемории навъи нави коронавирусро дар саросари ҷаҳон эълон кард. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, суръати афзоиш 2%, яъне 2,7 миллион ҳолати сироятро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба маълумоти ҳафтае пеш зиёдтар аст.

Ҳамзамон афзоиши фавти беморони гирифтори коронавирус 6% коҳиш ёфтааст.

«Дар миқёси ҷаҳонӣ тақрибан дар нисфи кишварҳо шумораи ҳолатҳои нав коҳиш ёфтааст ва дар нисфи дигар афзоиши он ба қайд гирифта шудааст», — менависад ТАСС бо истинод ба СУТ.

Афзоиши беморӣ бештар дар Африқо, Баҳри Миёназаминии Шарқӣ, ки дар он ҷо афзоиши фавт ба қайд гирифта шудааст ва Аврупо мушоҳида гардидааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия, зиёда аз 118 миллион ҳолат ба қайд гирифта шуда, беш аз 93,7 миллион нафар одамон шифо ёфтаанд ва зиёда аз 2,6 миллион беморон фавтидаанд.

Март 10, 2021 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид