ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ТУРКИЯ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри Анқара гузориш медиҳад

Март 22, 2021 13:44

ДУШАНБЕ, 22.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истамбул хабарнигори нави мо дар Туркия Манижа МАҚСУД ба кор шуруъ намуд. 19 март ба ӯ дар дафтари иттилооти дастгоҳи Президенти Туркия корти хабарнигорӣ супориданд.

Имрӯз нахустин хабари ӯро дар бораи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Туркия пешниҳоди хонандагон менамоем.

Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз 20 март дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии  Туркия баргузор гардид. Дар  чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, ҳайатҳои дипломатии  муқими  Анқара,  аз  ҷумла сафирони кишварҳои “Ҳавзаи Наврӯз”, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ИДМ, доираи васеи ВАО, аҳли илму фарҳанг ва зиёи кишвари  иқомат ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни суханронии  худ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ёдовар шуд,  ки Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо, муҳимтарин ҷашнҳои милливу аҷдодии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои  пайвастаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бостонӣ дубора эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати  тоза касб намуд ва дар баробари табдил ёфтан ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ мақоми байналмилалиро касб кард. Зикр гардид, ки ойинҳои неки Наврӯз сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ мебошанд.

Дар ҷашни таҷлили Наврӯзи бостонӣ барномаи консертӣ, намоиши маҳсулоти  ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид. Зимни  баргузории  ҷашн  ҳамзамон хӯрокҳои миллӣ,  суманак, сӯзаниҳо, расмҳо, китобҳо, либосҳои миллӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва намунаи маҳсулоти тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.


ДАР АКСҲО: Сафири Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён; таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия.

 21 март дар пойтахти Ҷумҳурии Туркия — шаҳри Анқара ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки намояндагони 12 давлат доир гардид.

Намояндагони Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Покистонро ба ҳайси  мизбонони асосии чорабинӣ дар сари хони наврӯзӣ хеле хуш ва мутантан истиқбол намуданд.

Дар чорабинии мазкур ҳамчунин раиси шаҳри Анқара, намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, ҳайати дипломатии муқими Анқара ва сафири Тоҷикистон Маҳмадалӣ Раҷабиён бо ҳайати дипломатии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, Наврӯзро ба ҳамагон табрик намуданд.

 Манижа МАҚСУД,
  хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия
                                                                        Анқара – Душанбе
                                                                               АКСҲО аз муаллиф

ДАР АКСҲО: Манижа Мақсуд дар дафтари намояндагии АМИТ «Ховар» дар Истамбул; 19 март Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истамбул Мурод Саидзода ва намояндаи шуъбаи иттилооти дастгоҳи Президенти Туркия Фатих Оке ба дафтари намояндагии АМИТ «Ховар» ташриф оварда, Манижа Мақсудро бо оғози фаъолияти корӣ табрик намуданд. Аксҳо аз АМИТ «Ховар».

 

Март 22, 2021 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»