Тоҷикистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалиро оғоз намуданд

Март 12, 2021 11:40

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз як соли қатъи парвозҳои ҳавоӣ байни ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалӣ  дар масири Душанбе-Кобул барқарор гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии авиатсияи граждании  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки 10 марти соли равон баъд аз як соли таваққуф  аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Афғонистон «KamAir» дар масири Душанбе-Кобул парвози мунтазами ҳавоӣ ба роҳ монда шуд, ки он бозгӯи вазъи муътадили эпидемикӣ дар кишвар мебошад.

Ба роҳ мондани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва  Афғонистон дар ҳолест, ки чанде қабл дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд, аз ҷумла, «Kam Air»-и Афғонистон вохӯрӣ доир гардид.

Зимни мулоқот масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ матраҳ шуд.

Март 12, 2021 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад