Тоҷикистон ва Франсия имконоти мавҷударо дар самти тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ самаранок истифода менамоянд
ДУШАНБЕ, 31.03.2021/АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Франсия дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран дар Душанбе матраҳ гардид, иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.
Дар мулоқот зикр шуд, ки ҳоло ҳам иқтидори пурраи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.
Дар робита ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо ва харидорони нави маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди нахи пахта, аз ҷумла истеҳсоли ашёи хом, ресандагӣ, матоъҳо, либосҳо, ҳамзамон рушди ҳамкорӣ дар самтҳои истихроҷ, коркард ва содироти сангҳои қиматбаҳо ё нимқиматбаҳо, санги бинокорӣ ва дигар намудҳои ашёи хоми минералӣ, инчунин дар соҳаҳои гидроэнергетика, парвариши ангур, шаробсозӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок манзур гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ мусоҳибон омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва истифодаи самараноки имконияти мавҷуда изҳор намуданд.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






